Рӯзи 27 май 50 тонна олуи соҳибкорони маҳаллӣ аз ноҳияи Кӯшониён ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия фиристода шуд.

Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, соҳибкорон олуро дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои боркаш ба Санкт-Петербург раҳсипор намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ соҳибкорон ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷот содирот кардаанд. Бо иловаи лимӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, то 27 май ҳамагӣ 139 тонна меваҷот ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст.

“Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд”, - омадааст дар хабари маркази матбуот.


Ба иттилои манбаъ, то 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна бештар аст.

Зикр мегардад, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Русия ва Қирғизистон фиристода мешавад.