Семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади операторони хусусӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 13,2% афзуд. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин давра онҳо наздики 614 млн сомонӣ (60 млн доллар) даромад ба даст овардаанд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 72 млн сомонӣ зиёдтар аст.

Ҳамчунин даромадҳои оператори миллии алоқа (“Тоҷиктелеком”), КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои Хадамоти алоқа  ба андозаи 8,5% - аз 40 млн сомонӣ дар моҳҳои январ-марти соли гузашта то ба 43,4 млн сомонӣ дар ҳамин давраи соли равон зиёд шудааст.

Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқаи кишвар 93,4%-ро ташкил додааст.

То 1 апрели соли равон шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон наздики 3,2 нафар муштариён ва теъдоди корбарони алоқаи мобилӣ - қариб 6,1 млн нафарро ташкил додааст, ки ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ тайи солҳои охир мантазам коҳиш меёфт. Соли 2019 даромади онҳо қариб 5 млн сомонӣ кам шуда, андаке бештар аз 2,4 млрд сомониро ташкил дода буд.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон чор ширкат - ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline) мавқеи афзалиятнок доранд.