Шӯрои иҷроияи Хазинаи байнулилалии асъор (ХБА) рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард.

Бахши робита бо ҷомеаи Хазина хабар медиҳад, ки он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Дар Хазина бар ин назаранд, ки ин кумак ба “пешгирӣ аз ҷиддан бесубот шудани вазъи иқтисод ва ҳаёти одамон, нигаҳдории имконот барои хароҷоти муҳими соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии вобаста ба COVID-19” ёрӣ мерасонад.

“Тавре интизор меравад, ин буҳрон ба оқибатҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боис хоҳад шуд. Айни замон пешгӯйӣ мешавад, ки имсол рушди иқтисод 2% поин рафта, касри умумии буҷет то 7,7% нисбат ба ММД меафзояд”, - қайд кардаанд таҳлилгарони ХБА.

Муовини директори иҷроияи ХБА Тао Чжан изҳор доштааст, ки ноҷӯриҳо дар савдо ва боркашонии нақлиётӣ ба коҳиши босуръати интиқоли пул ва даромадҳои давлатӣ боис гардида, зарурати таъҷилии маблағгузорӣ ба тавозуни пардохт ва буҷет ба миён омадааст.

“Кумаки молиявии ХБА қисми назарраси маблағҳои лозимро барои роҳандозии тадбирҳои зиддибуҳронӣ таъмин мекунад. Барои рафъи норасоии маблағи боқимонда пешниҳоди сармоягузории имтиёзнок ва грантӣ аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ аҳаммият дорад”, - илова кардаанд коршиносони Хазина.