Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алҳол дар ҳаҷми начандон зиёд ва танҳо тавассути ду хатти 220 киловолта ҷараён дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори энергетикии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ояндаи наздик бо истифода аз хатҳои 500 киловолтӣ интиқоли барқ ба Ӯзбекистон бамаротиб зиёд мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, то ҳол ду ҷумҳурӣ дар масъалаи нархи барқе, ки ҳамсоякишвар аз Тоҷикистон мегирад, созиши ниҳоӣ ҳосил накардаанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта дар робита ба фарорасии мавсими сармо ва бо мақсади таъмини талаботи дохилии ҷумҳурӣ, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қатъ гардида буд.

Мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, давоми сол Тоҷикистон танҳо аз моҳи апрел то моҳи октябр ба Ӯзбекистон барқ интиқол медиҳад, ки дар ин давра талаботи дохилии кишвар пурра бо барқ таъмин мешавад.