Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таварруми 10%-ро дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар соли 2020 пешгӯйӣ мекунанд.

Дар гузориши нави Бонк доир ба Тоҷикистон қайд мешавад, ки бо афзоиши нарх ба маҳсулоти ғизоӣ, инчунин поинравии суръати рушд ва ҳаҷми интиқоли пул дурнамои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ зери суол мемонад.

Гуфта мешавад, таваррум дар ҷумҳурӣ пас аз коҳиш то 5,4% дар соли 2018, то 8% соли 2019 афзоиш ёфта, ба 5-9% ҳадди болоии доираи мақсадноки Бонки миллӣ наздик шуд.

Ба омилҳои аслии таварруми соли гузашта таҳлилгарони Бонк болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, таъсири беқурбшавии асъор ва афзоиши тарифҳо ба қувваи барқро ба андозаи 15% нисбат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки аллакай дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 2,6%-ро ташкил дод. Дар ин давра нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 4% афзуд.

Бонки миллии Тоҷикистон мизони таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист.