Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ поин бурда, дар сатҳи 11,75%-и солона муқаррар кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин қарор бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ, бинобар эҳтимоли зиёд шудани таъсири хавфҳои пандемияи коронавируси COVID-19, инчунин дар семоҳаи минбаъда бо назардошти эҳтимоли кам шудани хавфҳои таварруми дохилӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили нави соҳаи кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ қабул шудааст.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд. Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.