Қазоқистон содироти орду гандумро маҳдуд кард. Ба Тоҷикистон бо "квота" медиҳад


Ҷамъоварии ҳосили ғалла
Ҷамъоварии ҳосили ғалла

Қазоқистон барои содироти гандум ва орд маҳдудият ҷорӣ кард. Ин кишвар то моҳи августи соли 2020 ба Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон орду гандумро дар доираи ҳисса ва ё квотаи муайяншуда мефурӯшад. Қазоқистон аз аввалин кишварҳои минтақа аст, ки паҳншавии коронавирусро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард ва вазъи фавқулода ҷорӣ намуд. То кунун дар ин кишвар беш аз 330 нафар ба вируси нав олуда шуда, ду нафар фавтидаанд.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон рӯзи 30-юми март бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, ки "барои таъмини ниёзҳои дохили кишвар ба гандум ва ҳифзи миқдори зарурии хӯроки чорво ҳангоми вазъияти фавқулода" содироти гандумро маҳдуд мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти вазорат, маҳдудият то 1-уми августи соли 2020 идома мекунад ва то он замон содироти гандуму орд дар доираи квота ё ҳиссаҳои қаблан муайяншуда содирот хоҳанд шуд. Ҳаҷми ҳиссаҳоро ҳар моҳ Вазорати кишоварзии Қазоқистон муайян мекунад.

Қазоқистон кишвари асосии содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст. Ҳамакнун Вазорати кишоварзии Қазоқистон квотаи содироти гандумро барои Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар моҳи апрели соли равон 200 ҳазор тонна ва ҳиссаи ордро 60 ҳазор тонна муайян кардааст.

Ин дар ҳолест, ки талаботи моҳонаи танҳо Тоҷикистон ба гандум 90 ҳазор тоннаро ташкил медод ва кишвар гандумро аз Қазоқистон ворид мекард. Тоҷикистон беш аз 60 дарсади ниёзи дохилиашро барои орд аз ҳисоби воридоти гандуми Қазоқистон таъмин мекунад.

Бино ба омори охирини Оҷонси омор соли 2019 Тоҷикистон аз хориҷа беш аз 1 миллион тонна гандум ва 56 ҳазор тонна орд ворид кардааст.

Ҳамид Расулов, соҳибкори тоҷик, тиҷорати орду гандумро дар Қазоқистон хуб медонад ва ба ҳайси брокер ё миёнрав кор мекунад. Ӯ гуфт, акнун кишварҳо дар доираи ин квота гандуму орд мегиранд ва маҳсулоти бештар насиби кишваре мешавад, ки пештар барои харидорӣ дархост бидиҳад.

"Фурӯши орду гандум аз рӯи усули “кӣ пештар” ба роҳ монда мешавад. Ҳар моҳ квота муайян мешавад ва кадом ширкатҳо пештар дархост фиристанд, ба ҳамон кишвар бор фурӯхта мешавад", - гуфт ӯ.

Бино ба омори пойгоҳҳои иттилоотӣ, Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон моҳе ба 600 ҳазор тонна гандум ва 200 ҳазор тонна орд талабот доранд.

Расулов мегӯяд, ҷорӣ шудани маҳдудият аз сӯи Қазоқистон дар содироти орду гандум метавонад боис ба камчин ва нисбатан гарон шудани орд, аз ҷумла дар Тоҷикистон шавад.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бо маҳдуд шудани имкони хариди гандум дар Қазоқистон, Русия манбаи дигари хариди гандум боқӣ мемонад.

"Аз Русия гандум харидан мумкин аст, аммо хароҷоти боркашонӣ бештар мешавад ва соҳибкорон маҷбур мешаванд онро ба болои нархи орд зам кунанд. Як мушкили дигари тоҷирони тоҷик имрӯз камбуди асъори хориҷӣ аст. Онҳо аз бонкҳо сари вақт доллар харида наметавонанд, то гандум биоранд", - иброз дошт ӯ.

Зимнан, нархи орд дар Тоҷикистон тайи моҳҳои ахир аз 180-185 сомонӣ барои як халтаи панҷоҳкилоӣ то ба 205-220 сомонӣ боло рафт.

Тоҷикистон сабабашро дар гарон шудани доллар медонанд. Ҳоло 100 доллар расман ба 1020 сомонӣ баробар аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ду соли оянда захираи кофии маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла орд дар анборҳои кишвар вуҷуд дорад.

Вазорати саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ 47 корхонаи ордбарорӣ мавҷуд буда, имкони истеҳсоли 1,9 миллион тонна ордро дар як сол доранд ва ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳурӣ, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, 1,9 маротиба зиёд аст.

Ба гуфтаи вазорат, корхонаҳои коркард бо гандум аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қисми дигари он аз Қазоқистон ва Русия ворид мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои эътирофшуда дар ҷаҳон як шахс дар давоми сол ба ҳисоби миёна 75 кило маҳсулоти нонӣ мехӯрад. Дар Тоҷикистон истеъмоли маҳсулоти нонӣ аз меъёр зиёд аст. Ба гузориши Оҷонсии омор, ҳар сокини Тоҷикистон соле ба ҳисоби миёна 120 кило маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон