Айни замон қурби муқарраркардаи Бонки миллӣ барои 1 доллар то ба 10,2 сомонӣ расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯ пеш он 9,70 сомониро ташкил медод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад.

Дар маълумот таъсири манфии вазъи имрӯзаи ноустувори иқтисоди ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон низ зикр мешавад.

Гуфта мешавад, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хуруҷ ва паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои тараққикарда, зиёд гардидани лапишҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ, номуайяниҳо дар сиёсати иқтисодии ҷаҳон, ба маротиб паст шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҳдидҳои навро ба миён оварданд, ки бевосита таъсири манфии худро ба иқтисодиёти Тоҷикистон мерасонанд.

Зикр мешавад, ки бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ, ноустувор гаштааст. Аз ҷумла, қурби рубли Русия – 24,7 фоиз, рубли Беларус – 15,8 фоиз, тангаи Қазоқистон – 14,8 фоиз, лираи Туркия – 8,6 фоиз, соми Қирғизистон – 4,7 фоиз, нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.

“Қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ 6,2 фоиз баланд (аз 9,79 сомонӣ дар аввали сол то ба 10,40 сомонӣ дар санаи 19 март) шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз зиёд мебошад”, - омадааст дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла механизми хариду фурӯши рубли русӣ, иҷро намудани уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро, таъмин намуда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, дар бонкҳои Тоҷикистон рӯзҳои охир доллари ИА ва рубли Русия фурӯхта намешаванд.

Кормандони бонкҳо ин масъаларо чунин шарҳ медиҳанд, ки дар навбати худ ин навъи асъорро аз мизоҷон ва Бонки миллӣ намегиранд.

Бо истифода аз чунин вазъ, шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба мубодилаи асъор сарукор доранд, долларро бо қурби 10,140-10,60 сомонӣ фурӯхта истодаанд.