Дар Қирғизистон қурби доллар дар 1 рӯз 12 сом гарон шуд

Яке аз саррофиҳои шаҳри Бишкек, 19 март, 2020.
Яке аз саррофиҳои шаҳри Бишкек, 19 март, 2020.

Қурби 1 доллари амрикоӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон то ба 85 сом боло рафт. Ба иттилои Valuta.kg, дар саррофиҳои пойтахти Қирғизистон 1 доллар 81 сом хариду фурӯш шудааст. Бузургтарин бонкҳои Қирғизистон арзиши долларро 84,9-85 сом муайян кардаанд. Бонки миллии Қирғизистон 20 марти соли равон қурби расмии долларро 72,9 сом муайян кардааст.

Дар Қирғизистон бори охир арзиши доллар 10 март якбора гаронтар шуда, аз 69,8 то ба 72-73 сом расид. Бонки миллии Қирғизистон он замон ба хотири муътадил нигаҳ доштани вазъ бо ба фурӯш баровардани 53,7 млн доллар ба бозори асъор дахолат кард. Раиси ин бонк Толқунбек Абдигулов гуфта буд, ки дигар барои болоравии қурби доллар омилеро намебинад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон