Дар Тоҷикистон барои коҳиши сарбории андоз ба бахши хусусӣ тағйири баъзе меъёрҳои андоз то сатҳи ҳамсоякишварҳо пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, дар лоиҳаи нави Кодекси андози ҷумҳурӣ тағйири меъёри ду андози асосӣ – андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромад пешниҳод шудааст.

Ба ин тариқ, таҳиягарони лоиҳа ба ҳукумат пешниҳод мекунанд, ки меъёри ААИ аз 18% то ба 15% кам карда шавад, ки ба меъёри давлатҳои ҳамсоя мутобиқ аст.

Пешниҳод мешавад, ки сарбории меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон (корфармо) тибқи тавсияи коршиносони байналмилалӣ) аз 25% то ба 20% кам шавад.

Бо мақсади сода кардани тартиби ҳисоби андози даромад ва сарфаи вақти субъектҳои соҳибкорӣ тибқи тавсияҳои ташкилотҳои молиявӣ меъёри ягонаи андоз аз даромад пешниҳод шудааст, яъне меъёри 8 фоизаи андози даромад хориҷ гардида, меъёри 13 фоиз ба 12 фоиз кам карда мешавад.

Инчунин ҳадди тарҳи шахсӣ аз даромад дар шакли музди меҳнат барои ҳар моҳи тақвимӣ дар ҳаҷми ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешниҳод шуд, ки қаблан дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳ карда мешуд.

Дар лоиҳаи нави Кодекси андоз пешниҳод мешавад, ки бо мақсади якранг намудани сарбории андоз байни субъектҳои соҳибкорӣ, инчунин ба сатҳи давлатҳои ҳамсоя баробар кардани меъёри андоз, ки дар беҳтар шудани мавқеи кишвар дар раддабандии агентиҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад, меъёри 13 фоиз барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо ва 23 фоиз барои дигар намудҳои фаъолият ба як меъёр, яъне 18 фоиз тағйир дода шавад.

Ҳамзамон бо назардошти таъсири он ба даромадҳои буҷети давлатӣ пешниҳод мегардад, ки дар марҳилаи аввал меъёри андоз аз фоида барои фаъолияти истихроҷи захираҳои табиӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои мобилӣ меъёри 20 фоиз ва барои фаъолияти букмекерӣ ва лотерея – 25 фоиз пешбинӣ карда шавад.

Бо мақсади татбиқи имтиёзи андози фоида, ки ба корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда нигаронида шуда буд, барои корхонаҳои амалкунанда низ пешбинӣ гардид ва минбаъд онҳо метавонанд бо ворид намудани сармоя ба фонди оинномавӣ ба муҳлати 5 сол аз андоз аз фоида (андози содакардашуда) озод гарданд.

Бо мақсади ҳавасманд намудани корхонаҳои бо силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғулшаванда механизми татбиқи имтиёзи 12-сола такмил дода шуда, барои силсилаҳои алоҳидаи он ба 3 муҳлати алоҳида, ки ҳар яки он 4-солиро дар бар мегирад, пешбинӣ шуд.