Баъди изҳороти Бонки Миллӣ, қурби доллар дар Қазоқистон боло рафт

Яке аз саррофиҳо дар Алмато
Яке аз саррофиҳо дар Алмато

Рӯзи 16-уми март, пас аз изҳороти Бонки Миллии Қазоқистон, ки гуфт, арзиши тангаро нигаҳ намедорад, қурби доллар дар Қазоқистон якбора гаронтар шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Kurs.kz, рӯзи душанбе 1 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон ба 440 танга хариду фурӯш мешавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи гузашта қурби 1 доллар дар ин кишвар тақрибан 406 тангаро ташкил медод.

Бонки Миллии Қазоқистон ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки ба хотири пешгирӣ аз поинравии арзиши танга ба бозори асъор дахолат кард. Ба гуфтаи бонк, ҳадаф аз чораҳои андешида пешгирии беқурбшавии аз ҳад зиёди арзиши танга ба ҳисоб мерафт.

Қурби тангаи қазоқӣ дар баробари арзиши нафт 11-уми март баъд аз он поин рафт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ коронавирусро фарогир эълом кард. Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоён ба ин вирус дар Қазоқистон ба 9 нафар расидааст. Вируси нав дар онҳое ошкор шудааст, ки аз хориҷ баргаштанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон