Дар Қирғизистон нархи маҳсулоти ниёзи аввалро зери назорат мегиранд

Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Ҳукумати Қирғизистон ҳадди ниҳоии қимати баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввалро муайян мекунад. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Ҳукумат қарор қабул кард. Оҷонси давлатии зиддиинҳисорӣ нархи орду нонро муайян мекунад. Мо маҳдудият ҷорӣ хоҳем кард. Аз нархи муайяншуда гаронтар фурӯхтан манъ мегардад. Мо бояд барои пешгирӣ аз ҳангомаҳо миёни мардум ҳамаи чораҳоро андешем. Мо шароитеро фароҳам меорем, ки шаҳрвандон огоҳӣ пайдо хоҳанд кард - орду нон, равған ва шакар чи қадар арзиш доранд", - гуфт сарвазир.

Ба гуфтаи вай, маҳдудият ба 11 номгӯи маҳсулот дахл мекунад.

Рӯзҳои ахир дар миёни сокинони Қирғизистон овозаҳое паҳн шуда, ки ба иллати коронавирус эҳтимол дорад, камбуди маводи ғизоӣ дар ин кишвар пеш ояд. Дар натиҷа дар бозору фурӯшгоҳҳо талабот ба маҳсулоти ниёзи аввал афзоиш ёфтааст.

Мақомоти дахлдори Қирғизистон низ мегӯянд, зидди баъзе аз "ҳаннотон" аллакай чораандешӣ сурат гирифтааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон