расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Боз фавт: вазорат марги як дардманди дигар аз коронавирус дар Тоҷикисонро тасдиқ кард

Ҷомеа / Ҳаводис

Боз фавт: вазорат марги як дардманди дигар аз коронавирус дар Тоҷикисонро тасдиқ кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта як дардманди дигар аз коронавирус фавтид
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як дардманди дигар аз коронавирус ҷон бохт. 
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо илова шудани мавриди ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни коронавирус ба 68 нафар баробар шуд.
Гузашта аз ин, тайи як рӯзи ахир боз 36 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавиус сабт гардид.
Манбаъ меафзояд, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 27 август  8449 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7246  (85,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.
"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 80 нафар гумонбарон қарор дошта, 32 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Дар Тоҷикистон расман аз 30 апрел бурузи ин маризӣ эълон гардида, ҳукумат ва вазорати тандурустӣ алайҳи ин беморӣ мубориза мебаранд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200827/1031805669/Boz-favt-vazorat-margi-yak-dardmandi-digar-az-koronavirus-dar-Tojikisonro-tasdik-kard.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.