расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҶАВОНЗАНИ 20-СОЛА ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАД

Ҷомеа / Ҳаводис

ҶАВОНЗАНИ 20-СОЛА ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАД

Муслимаи Пулод, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Турсунзода, деҳаи Файзобод ба дуздии телефон ва пул аз манзили сокини шаҳри Бохтар Каримов Ҳамза айбдор мешавад. ВКД гуфт, "дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, дар хонаи ҷабрдида чанд муддат иҷоранишин буда, аз фурсати барояш муносиб, шабона, ҳангоме, ки соҳибхонаҳо хоб будаанд, 16 000 сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy S9»-ро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.”
Нисбат ба Муслимаи Пулод бо иттиҳоми дуздӣ парванда оғоз кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.