Системаи интиқоли пул фалаҷ. Мардум сарсон.

Системаи интиқоли пул фалаҷ. Мардум сарсон.

 Дар пайи роҳандозии ислоҳот дар системаи интиқоли пул аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон аз авоили моҳи ҷорӣ бештари сокинони кишвар наметавонанд аз хориҷ пул гиранд ё маблағ фиристанд.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет сокинони кишвар “аз фалаҷ шудани системаи интиқоли пул” ва аз сарсонию саргардониҳо барои дарёфти маблағҳи интиқол шуда ва ё ирсоли пул ба хориҷи кишвар шикоят мекунанд.

Хабарнигор Иршод Сулаймонӣ дар шабакаи “Фейсбук” навиштааст: “Юнистрим ҳам кор намекардааст. Ду се рӯз пеш чанде аз ҳамкасбони мо, шеваи нави интиқоли пул ба кишвар ва ташкили Маркази нави Бонки миллиро ба таъбири худашон «шарҳу тафсир» мекарданд, ва мегуфтанд «кори дурусту саривақтист». Аммо ин мушт ҳамкасбони мо, мушкилоти мардум, гарон шудани ҳаққи комиссия (аз мо 1,6 % комиссия ситониданд) ва саргардониҳоро нодида мегирифтанду обсофкунаке беш набуданд. Ман се рӯз пеш барои кӯдакон аз Бишкек пул равон кардам, бо Юнистрим. Ду рӯз аст дар бонкҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки онро дигарбора аз тариқи Контакт бифиристанд. Юнистрим кор намекунад гуфтаанд. Ё агар кор мекунад, чаро нонпулии мардумро намедиҳанд???”

Аксари корбарони Интернет роҳи ҳалли ин мушкилро дар интиқол ё дарёфти пул аз тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон мебинанд.

Афзалшо Субҳонзода навиштааст: “Ба Ӯзбекистон равон кунед. Бемалол мегиред. Ман чунин кардам”.

Хабарнигор Бобоҷон Шафеъ вазъияти феълиро шабеҳи гарон шудани нархи чиптаи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон хондааст, ки мусофирон маҷбур шуданд барои сафар ба хориҷи кишвар аз хизмати ширкатҳои ҳавопаймоии Ӯзбекистону Қирғизистон истифода кунанд. Зеро нархи чипта дар ин кишваҳо ба шаҳрҳои Русия дар муқоиса ба ширкатҳои ватанӣ ду ва ҳатто се баробар камтар будааст.

“Акнун мардум аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон пул мефиристанд ё мегиранд. Бонкҳо мо мемонанд”,-менависад Бобоҷон Шафеъ.

Холиқназар Ҷумъаев вазъияти феълиро талоше барои монополия кардани системаи интиқоли пул медонад, ки оқибати хуб надорад. “ Умед аст, қарори Бонки миллиро, ки воқеъан ҷабр ба мардум аст, Пешвои миллат бекор мекунад.”

Дар ҳамин ҳол, масъулони бонкҳои Тоҷикистон ба муштариён тавсия додаанд, ки  барои интиқол ё дарёфти пул аз Русия аз системаи ин кишвар мавсум ба Contact истифода кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, низоми пардохтии CONTACT дар доираи Аксияе, ки аз 10 декабри соли 2019 то 31 январи соли 2020 идома меёбад, ҳаққи хизматрасонии маблағҳои интиқолӣ дар Тоҷикистонро то ба 1 дарсад коҳиш медиҳад.

Ҳамзамон,  Бонки миллӣ рӯзи 10 декабр хабар додааст, низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд ва аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассутии ин низомҳо бе мамоният интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

Вале муштариён ин иддаоро беасос хонда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки то ҳол системаи Юнистрим фаъол нашудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон   ҳанӯз 29 ноябр хабар дода буд, ки аз рӯзи 3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд. Бино ба маълумоти БМТ, акнун тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон