Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тавассути “Мир”

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тавассути “Мир”

 Нахустин амалиёти интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути системаи пардохти “Мир”-и Русия дар “Амонатбонк”-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин амалиёт дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сергей Бочаров, муовини раиси системаи пардохти “Мир” роҳандозӣ гардид.

Ин системаи пардохти Русия дар авохири соли 2018 бо системаи милии падохти “Корти миллӣ”-и Тоҷикистон созишнома имзо карда буд.

Ба гуфтаи Сергей Бочаров  ин ҳамгироӣ роҳро барои пардохтҳо бо пулҳҳои миллӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд боз хоҳад кард.

Ҳамакнун системаи пардохти “Корти миллӣ” банкомату терминалҳои худро барои  истифодаи корти Русия дар ҳудуди Тоҷикистон омода хоҳад кард.

Системаи миллии пардохти “Мир” дар солҳои 2014-2015, пас қатъи фаъолияти Visa ва Mastercard дар ҳудуди Русия роҳандозӣ шуда буд.

Аз авоили моҳи ҷорӣ  дар бонкҳои Тоҷикистон мардум барои гирифтани маблағ, ки наздиконашон аз Русия интиқол додаанд, мушкил пеш омад ва сокинон натавонистанд аз системаҳои интиқоли пули “Золотая корона”, ки ҳудуди 80 дарсади интиқолҳо аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби он сурат мегирифт, маблағҳои худро дарёфт кунанд.

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ин вазъиятро шарҳ дода,  гуфтанд, ки  баъзе аз низомҳо аллакай дар қаламрави кишвар ба Маркази протсесенгии миллӣ пайваст шудаанд.“Айни замон низоми пардохти “Contact”ва “Юнистрим” фаъолият доранд. Бо ширкати “Western Union” созишнома ба имзо расид, аммо баъзе аз корҳои техникӣ боқӣ мондааст. Ҳамааш давоми ду ё се рӯз ба кор медарояд”, — таъкид кард сардори шуъбаи матбуоти БМТ Мавҷуда Ҳасанова.

Бонки миллии Тоҷикистон   ҳанӯз 29 ноябр хабар дода буд, ки аз рӯзи 3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд. Бино ба маълумоти БМТ, акнун тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон