Се навъи микроавтобусҳои “Made in Tajikistan” дар Душанбе мусофирбарии санҷишӣ мекунанд

Се навъи микроавтобусҳои “Made in Tajikistan” дар Душанбе мусофирбарии санҷишӣ мекунанд

 Зафарҷон Бурҳонзода, мудири иҷроияи ширкати “Авесто Гуруҳ” мегӯяд, бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкати мазкур 3 навъи микроавтобусҳоро омода карда истодааст, ки ба таври санҷишӣ дар хатсайрҳои Душанбе ба мусофирбарӣ машғул хоҳанд шуд

Бурҳонзода ҳафтаи гузашта зимни гирифтани имтиёзҳои андозӣ дар парлумон, ба вакилони мардумӣ гуфт, нақша доранд, истеҳсоли панҷ намуди нақлиёти мусофирбарро роҳандозӣ кунанд.

“Ҳоло як намуди онро истеҳсол намуда, ба ихтиёри МИҲД шаҳри Душанбе гузоштем, ки дар пойтахт ба хизматрасонӣ машғуланд. Дар марҳилаи дуюм истеҳсоли автобусҳои дарозиашон 8,5 метр ба нақша гирифта шудааст, ки он моҳҳои декабри соли ҷорӣ ё январи соли 2020 оғоз меёбад”, - хабар додаст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли мудири “Авесто гуруҳ”.

Дар мавриди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои истеҳсоли микроавтобусҳо, Бурҳонзода гуфт, ҳоло се намуди микроавтобус омода шуда, аз тариқи санҷиш дар яке аз хатсайрҳо ба кор шурӯъ менамояд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз мудири “Авесто гуруҳ” суол кард, ки аз истеҳсоли автобусҳо ба буҷети давлатӣ чӣ қадар даромад ворид шуд.

Бурҳонзода посух дод, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудани автобусҳо арзонтар буда, ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд. Ӯ далел овард, ки арзиши чунин автобусҳо дар Туркия ба 132 ҳазор евро, дар дохили ҷумҳурӣ бошад, ба 110 -115 ҳазор евро баробар аст.

 

Ӯ иттилоъ дод, ки корхонаи муштараки ­васлу насб ва истеҳсоли автобусҳо як сол аст, ки дар Душанбе муназзам фаъолият карда, дар он беш аз 200 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон