Спитамен Бонк: бароҳатии мизоҷон муҳим аст!

Ҳамаи мо мехоҳем, ки хизматрасонӣ дастрасу дорои сифати хуб бошад ва вақти зиёдро талаб накунад. Дар соҳаи қарздиҳӣ низ, мизоҷон мехоҳанд, қарзҳо дастрас бошанду хизмат дар сатҳи баланд расонида шавад ва раванди қарзгирӣ дер давом накунад.

Муҳимии омили вақтро ба назар гирифта,  барои сарфа намудани вақти мизоҷон ҳангоми қарзгирӣ, Спитамен Бонк  барои гирифтани қарз он-лайн дархостро ҷорӣ намуд. Акнун  барои фаҳмидани шартҳои қарз ва интихоб кардани маҳсулоти қарзӣ ба бонк омадан зарур нест. Дар сомонаи Бонк (www.spitamen.com) пур кардани онлайн дархост барои қарз кофӣ аст. Пур кардани ин дархост хеле осон буда, вақти зиёд намегирад. Дар бораи ному насаб, рақами телефон ва шаҳри худ маълумот додан кифоя аст! Тавре, ки мебинед, ин хеле оддист!

 Баъд аз равон кардани дархост, мутахассисони  Спитамен Бонк бо Шумо тамос гирифта, маълумоти заруриро пешниҳод мекунанд ва дар бораи қадамҳои минбаъда маслиҳат медиҳанд.

Роҳбарияти Спитамен Бонк боварӣ дорад, ки содда кардани дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ ва ихтисоркунии монеаҳо дар ҳамкорӣ бо бонкҳо имконият медиҳад, сифати хизматрасонӣ ба таври назаррас баланд бардошта шаваду  ва боварии мизоҷон ба соҳаи бонкдорӣ тақвият  бахшад.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон