Нишасти изтирории ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб дар Тошканд

Нишасти изтирории ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб дар Тошканд

 Ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалиния", ки самти Маскав - Кӯлоб парвоз медошт, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Тошканд нишаст

Ҳавопаймои хатсайри Маскав - Кӯлоб пас аз анҷоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Тошканд, танҳо бегоҳи имрӯз метавонад ба парвози худ идома диҳад, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, парвози ҳавопаймо соати 19:00 дақиқаи ба вақти Маскав сурат мегирад.

 

Ҳавопаймо бинобар номусоид будани вазъи ҳаво оҷилан дар фурудгоҳи Nошканд нишаст, вале пас аз мусоид шудани ҳаво низ ба идомаи парвоз шурӯъ накард, чун пас аз муоинаи ҳавопаймо мушкили техникӣ дарёфт карда шуд.

Гуфта мешавад, феълан ҳавопаймо дар хатти садамавӣ қарор дорад ва мусофиронро ба толори интизории терминал интиқол доданд.

 

Намояндаи фурудгоҳи Тошканд ба хабаргузорӣ изҳор намудаст, ки ҳамаи мусофиронро бо хӯроки гарм ва об таъмин намуданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191030/1030129461/nishast-iztirori-havopaymo-samti-Maskav-Kulob-dar-Toshkand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон