Нархи орд арзон мешавад?: Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7 миллион доллар орд ворид намудаст

Нархи орд арзон мешавад?: Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7 миллион доллар орд ворид намудаст

 Ҷаҳиши якборагии нархи орд дар Тоҷикистон, сокинони ин минтақаро дар изтироб андох. Феълан арзиши ин навъ маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ба қиммати 200 - 210 сомонӣ фурӯхта мешавад Қимматшавии арзиши орд дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз афзоиш ёфтани воридоти ин навъ маҳсули хӯрока хабар медиҳад.
Ба иттилои вазорати мазкур, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 32 ҳазор тонна орд ворид шудаст.

Гуфта мешавад, ин миқдор орди воридотиро Тоҷикистон бо арзиши беш аз 7 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ намудаст.

Зимнан, воридоти гандум низ ба Тоҷикистон назаррас буда, дар ин муддат ба маблағи беш аз 136 миллион доллар 684 ҳазор тонна гандум ворид шудаст.

Қобили зикр аст, ки феълан 90 дарсади ниёзи бозори дохилӣ аз ҳисоби орди худӣ таъмин мешавад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки давоми 8 моҳи соли равон дар дохили Тоҷикистон 1 миллион тонна орд ва беш аз 805,3 ҳазор тонна гандум тавлид шудаст.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190928/1029940874/narkh-ord-arzon-meshavad-tojikiston-mablaq-million-dollar-ord-vorid-namudast.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон