расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Суруд мехонд: Шомирзоев чӣ тавр бо аъзои оилааш ғарқ шуд?

. / Ҷомеа

Суруд мехонд: Шомирзоев чӣ тавр бо аъзои оилааш ғарқ шуд?

Бо гузашти 12 рӯз аз ғарқ шудани чор узви як хонадон дар ноҳияи Айнӣ ҷасади онҳо то ба ҳол пайдо нашудааст
Худойқул Муродов, раиси маҳаллаи Рӯи оби Махшевад дар шарҳи ин матлаб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷустуҷӯи онҳо аз 14 август ба ин сӯ бо ширкати густардаи мардуми деҳа, ҳамсоядеҳаҳо ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда то ба ҳол натиҷа надодааст.
“То Панҷакент, худи сарҳади Ӯзбекистон рафтем, аммо ҳеҷ пайдояшон нашуд. Мушкил дар ин аст, ки оби дарё баланду сангҳояш зиёд аст. Дар дохили дарё сангҳои бузургу ғорҳо ҳастанд, ки ҷасад метавонад дар онҳо руст кунад. Бо ин вуҷуд, таваккал ба Худо, ҷустуҷӯ дорем”, - гуфт Худойқул Муродов.
Рӯзи 15 августи соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани чор узви як хонавода дар ноҳияи Айнӣ хабар дод. Бино ба ин манбаъ, онҳо тахминан соати 09:50 – и рӯзи 14 август мехостанд савори заврақи худсохте дарёи Искандарро убур кунанд, аммо аз беэҳтиётӣ заврақ чаппа шуда, ҳамагӣ ба коми дарё рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар маҳалли ҳодиса аз сӯҳбат бо сокинон дарёфт, ки Исмоил Шоҳмирзоев ва се узви дигари хонаводааш на тариқи заврақи худсохт, балки аробаи танобӣ (ба истилоҳи мардуми деҳа, каталка) мехостанд аз як соҳили дарёи Искандар ба соҳили дигараш убур кунанд.
“Ин аробаи танобиро худи Исмоил Шомирзоев сохта, аз он аз ин соҳил ба дигар соҳил рафта меомад. Ҳатто замоне, ки барои ширкати “Талко Голд” аз Махшевад хатти барқ мегузаронданд, чиниҳо тариқи ин ароба сементу дигар маводи сохтмониро интиқол медоданд. Коре шуд, ки ин ихтироъаш ҳам ба сари худаш расиду ҳам аъзои хонаводааш”, - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо.
Ба қавли сокинони Махшевад, Исмоил Шомирзоев дар гузашта дар Кумитаи замини ноҳияи Айнӣ заминсоз буд, аммо дар ҳамаи соҳаҳо саводи кофӣ дошт ва гули сари сабади маҳфилҳо буд.
“Овозхони хеле хубе буд. Агар ӯро дар ҷои прокурор мемондӣ ё суд, ё механику ҳар касби дигар аз уҳдаи ҳама кор мебаромад. Ҳамин аробаи танобӣ далели ҳунармандии ӯ буд”, - мегӯянд онҳо.

Ба қавли сокинон, дар фоҷиаи рӯзи 14 август ба ҷуз Исмоил Шомирзоеви 61 – сола, духтараш Гулҳаваси 33 – сола бо писараш Пурдил Наврӯзови 3 - сола, келини хонавода, зодаи ноҳияи Шаҳринав Наврӯзмо Пироваи 30 – сола, ҳамагӣ сокини маҳаллаи Гулободи деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ дар дарё ғарқ шудаанд.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20200826/1031795851/Surud-mekhond-Shomirzoev-chi-tavr-azoi-oilaashro-gark-kard--aksu-video.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.