ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲОИ “АГРОИНВЕСТБОНК”

ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲОИ “АГРОИНВЕСТБОНК”

 05.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шарифов Хуршед Ашуралиевич 1991 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Варзоб, ҷ/д Такоб, деҳаи Такоб дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 15.01.2014 сол аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо собиқ муҳосиби филиали ҶСК “Агроинвестбонк”, шаҳрванд Буриев Эраҷ Алимуродович 1985 с/т истиқоматкунандаи н.Варзоб деҳаи Чорбоғ, маълумотномаи қалбакии музди меҳнат ба номи апааш, Шарифова Шаъмигул Ашуралиевна 1984 с/т, миллаташ тоҷик ва Шарифова Маҳрам Ашуралиевна 1985 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, тайёр намуда, ба собиқ корманди ҶСК “Агроинвестбонк”, шаҳрванд Буриев Э. А.дода, баъди қабули ариза барои гирифтани қарз барои таъмири хона шартномаи қарзи ба маблағи 3000-доллари ИМА бо пардохти 31%-солона ба муҳлати 18-моҳ ба имзо расонидааст. Баъдан, шаҳрванд Буриев Э.А. ба номи шаҳрванд Шарифова М.А ва Шарифов Х.А. маблағи пули мазкурро додааст. Шаҳрванд Шарифов Х.А. маблағи 3000-доллари ИМА-ро дар номи апааш Шарифова М.А ғайриқонунӣ гирифта, мувофиқи мақсад истифода накарда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати шаҳрванд. Шарифов Х.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 246 ва 340 қ.2 ва нисбати шаҳрванд Буриев Э.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 265 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон