КОРМАНДИ БОНК 370 ҲАЗОРРО АЗ ХУД КАРДААСТ

 30.07.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Шарифов Исмоил Қурбоналиевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Дарқад, деҳаи Дарқад дастгир карда шуд. Номбурда, аз соли 2007 то соли 2017 ҳангоми дар вазифаи мутахассиси амонатҳои филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар н.Фархор фаъолият намуданаш, аз ваколатҳои мансабии худ сӯистифода намуда, аз ҳисоби мизоҷоне, ки қаблан барои гирифтани қарз муроҷиат намуда ва қарзҳои пешинаашонро пардохт намудаанд, бидуни иҷозати онҳо бо роҳи сохтакорӣ ба номи 1).Ҳалимов Сунатулло Зафарович 1966 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Дарқад, деҳаи Муҳоҷиробод, 2).Сангова Гулру Сафаровна 1973 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Дарқад, деҳаи Муҳоҷиробод,  3).Имомов Шарифхон Мадисайнович 1971 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Гулшан, деҳаи Гулшан, 4).Абдуллоев Ҳалимшо Раҳматуллоевич 1993 с/т, 5).Убайдов Саид Қувватович 1967 с/т, Ҳалимов Ҷунайдулло Зарифович 1960 с/т, сокинони ҷ/д Дарқад, деҳаи Муҳоҷиробод, 6).Ҳасанов Одилҷон Суюнович 1984 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Дарқад, деҳаи Шараф, 7).Тағоева Марзия Зайниддиновна 1995 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Гулшан, деҳаи Гулшан 372.585-сомониро гирифта азонихуд намудааст. Нисбати шаҳрванд  Шарифов И.К. парвандаи ҷиноятӣ таҳти бо моддаҳои 245 қ.4 ва 323 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон