МАРДИКОРЗАНҲОИ БОХТАРӢ: МОРО КОР МЕФАРМОЯНДУ "КИДАТ" МЕКУНАНД (ВИДЕО)

МАРДИКОРЗАНҲОИ БОХТАРӢ: МОРО КОР МЕФАРМОЯНДУ "КИДАТ" МЕКУНАНД (ВИДЕО)

 Бекорӣ ба мушкили №1-и Тоҷикистон табдил ёфтааст. Имрӯз натанҳо мардон, балки ҳатто занҳои тоҷик низ аз ночорӣ рӯ ба мардакорӣ овардаанд.  Ин наворҳо аз мардикорбозори Бохтар, ки дар як гӯшаи терминали шаҳри мазкур ҷойгир аст, бардошта шудаанд. Дар ин бозор натанҳо мардон, балки занҳои синну соли гуногун низ новобаста ба вазъи боду ҳаво аз субҳи содиқ ҷамъ омада, чашм ба роҳи корфармоён медӯзанд, то ризқу рӯзии аҳли хонаводаашонро бо корҳои муавақатӣ пайдо намоянд. Бозор дар назди як ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ ҷойгир буда, аз бӯйи бади наҷосат одам нафасгир мешавад. Аксари занҳо мегӯянд, маълумотӣ олӣ надоранд ва мушкилоти иқтисодии зиндагӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки рӯ ба мардикорӣ  оваранд... 

подробнее тдж: https://oila.tj/news/mardikorzanoi-bokhtar-moro-kor-mefarmoyandu-kiddat-mekunand-video?fbclid=IwAR01YajL7hPh6wKgR4ZUkxV7TN7DMDVqf6QVp0DeXQ7XALN3PdvQ4VW53io#.XRnwMcPZ_WM.facebook

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон