Назорати хароҷоти сӯзишворӣ бо замимаи нави “Газпромнефт Тоҷикистон”

Назорати хароҷоти сӯзишворӣ бо замимаи нави “Газпромнефт Тоҷикистон”

 Ба мизоҷони шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и “Газпромнефт” тарзи қулай ва тези дастрасӣ ба маълумот дар бораи корти худ пешниҳод шуд. Акнун иштирокчиёни барномаи “Мо ҳамсафарем” дар реҷаи онлайн метавонанд дар бораи шумори баллҳои худ, нархи сӯзишворӣ, аксияҳои муҳим ва пешниҳодҳои махсус дар НФС “Газпромнефт” маълумот дарёбанд.

Роҳандозии замимаи мобилӣ чӣ зарурате дошт?

“Технологияҳои муосир дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳаёти моро бароҳаттар месозанд. Бозори босуръат рушдёбандаи тиҷорати мобилии электронӣ ба моликони он ҷиҳати таҳкими робита бо мизоҷон, ки дар ҳамеша зери даст будани маълумот як ғамхориеро нисбати худ эҳсос мекунанд, имкон медиҳад”, - изҳор доштааст Директори генералии ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев.

Гӯшаҳои писандидатарин дар замима ҳуҷраи шахсӣ ва аксияҳои муҳим мебошанд. Ба туфайли “ҳуҷраи шахсӣ” ронандагон ҳамеша аз тавозуни корт ва истифодаи он барои харидории сӯзишворӣ маълумот гирифта метавонанд. Ғайр аз ин, бо истифода аз корт ронандагон метавонанд то нуқтаи фурӯши наздиктарини “Газпромнефт” хатсайри худро муайян кунанд, пешакӣ аз навъҳои сӯзишворӣ ва нархи он огаҳӣ пайдо намоянд.

Замимаи мобилии Шабакаи НФМ “Газпромнефт” чӣ гуна насб мешавад?

Замимаи мобилӣ ба соҳибони смартфонҳои Android дастрас аст. Барои насби замима ба суроға ё сатри ҷустуҷӯ дар Play Market гузашта, «АЗС Газпромнефть Таджикистан»-ро ворид намоед.

Барои ҳаққи муаллифӣ пайдо кардан дар замима рақами корти амалкунандаро ворид намоед. Агар шумо иштирокчии барномаи “Мо ҳамсафарем” набошед, кортро метавон дар ҳама гуна НФС “Газпромнефт” харидорӣ намуд.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190701/nazorati-harooti-szishvor-bo-zamimai-navi-gazpromneft-toikiston

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон