Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

 Ба мақомоти милитсия марди 56-солаи сокини ш.Душанбе, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25 июни соли равон, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки дар назди хонаи падараш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, дар деҳоти Ғарми болои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба девор бархӯрда, автомашинаро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3.000-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи зикргардида ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд. 
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон