расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БОЗДОШТИ КОРМАНДИ МБТИ ДЕВАШТИЧ БО ИТТИҲОМИ ЗАМИНФУРӮШӢ

. / Ҳаводис

БОЗДОШТИ КОРМАНДИ МБТИ ДЕВАШТИЧ БО ИТТИҲОМИ ЗАМИНФУРӮШӢ


Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки ба зидди мутахассиси КДФ "БММҒ” (МБТИ) дар ноҳияиДеваштич Абдиев ТоҳирАшуралиевичбо иттиҳоми қаллобӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, "Тоҳир Абдиев дар давраи аз солҳои 2012-2020 аз шаҳрванд Абдулҳакимов Ш.А., барои аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ноҳияи мазкур ҷудо намудани 0,14 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, дар якчанд ҳолат маблағи 3200 доллари ИМА ва 9500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намуд.”
Замин ҳамчун манбаи даромад

Абдиев ТоҳирАшуралиевич дар вазифаи мутахассиси КДФ  "БММҒ” дар ноҳияи Деваштич кор карда истода, дар давраи аз солҳои 2012-2020 аз шаҳрванд Абдулҳакимов Ш.А., барои аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ноҳияи мазкур ҷудо намудани 0,14 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, дар якчанд ҳолат маблағи 3200 доллари ИМА ва 9500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намуд.
Дар ин асос нисбати Абдиев Т.А. бо моддаҳои 247 қисми 3, банди "а” ва 338қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷуҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.