Хакерҳо ба мақсадашон нарасиданд

Хакерҳо ба мақсадашон нарасиданд

 Хакерон сабтҳои аудиоиро аз бойгонии гурӯҳи бритонии Radiohead, ки пеш нашр нашуда буд, дуздиданд. Ин сабти 18-соатаи албоми студиявии OK Computer мебошад, ки соли 1997 баромада буд. Ҷинояткорон, таҳдид намуда гуфтанд, ки агар гурӯҳ $150 ҳазор надиҳанд, сабтҳоро бо дастрасии кушод пахш менамоянд.

“Шахси номаълум мини-диски Том Йорк-ро бо сабтҳои бойгонии вақтҳои OK Computer дуздидааст ва гӯё ӯро таҳдид намуда $150 ҳазор талаб намудааст”, — мегӯяд яке аз иштирокчиёни гурӯҳ Ҷоннӣ Гринвуд дар твиттер.

Вале Radiohead тамаъҷӯёнро гӯш накард. Онҳо тасмим гирифтанд, ки сабтҳоро дар сервиси Bandcamp нашр намоянд.

Гӯш кардани сурудҳо дар сервис бепул ва боргирии он бошад – 18-фунт стерлинг (тақрибан 216 сомонӣ) мебошад. Сабтҳо то 28-уми июн дастрас ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи даромадҳо ба ташкилоти экологии «Шӯриши нобудшавандагон» равона карда мешавад.

Сарчашма: esquire.ru

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон