ОЛАМИ СИНАМОИ DC ФАЪОЛИЯТАШРО ҚАТЪ МЕКУНАД?

ОЛАМИ СИНАМОИ DC ФАЪОЛИЯТАШРО ҚАТЪ МЕКУНАД?

 Зоҳиран, олами филмофаринии ҷории DC, ки аз тарафи Зак Снайдер ташкил шудааст, ба наздикӣ бояд баста шавад, зеро студияи Warner Bros. олами нави синаморо бо қаҳрамонҳои «Бэтмен»-и Мэт Ривз эҷод хоҳад кард.

Марк Хюз, муҳаррири маҷаллаи Forbes дар шабакаи иҷтимоии Twitter навиштааст, ки олами нав кори худро аз филми «Бэтмен» шурӯъ менамояд. Интизор меравад, ки Аквамен ва Чудо-женщина дар солҳои баъдӣ аз нав наворбардорӣ мегарданд ва дар бораи он, ки ҳунарпешаҳои шинохтаи мо боз ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд ё не, ҳанӯз чизе маълум нест.

Гал Гадот / Ҷейсон Момоа / Маркот Робби аз бахшҳои асосии DCEU ба ҳисоб мераванд. Филмҳои нафароне, ки номҳояшон дар боло зикр шуд, боз якчанд сол ба экран мебароянд ва баъдан ин версияи персонажҳои онҳо аз кинотолорҳо берун мешаванд. Олами мустақили синамои DC барои филмҳои «Бэтмен», «Супергерл» ва дигарон оғози навро ба роҳ мемонанд.

Ҳамин тавр, эҳтимол аст, ки олами синамои Зак Снайдер ба худ намунаи охирини Аквамен ва Чудо-женщинаро ба студияи DC ҳамроҳ намекунад.

Сарчашма: https://dommol29.ru/kinovselennaya-dc-zakryvaetsya-akvamen-i-chudo-zhenschina-budut-perezagruzheny/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон