Apple ноутбуки нави худро пешниҳод намуд

Apple ноутбуки нави худро пешниҳод намуд

 Ширкати Apple дар ҷараёни маросими муаррифии WWDC 2019 компютери нави рӯимизии Mac Pro-ро нишон намуд.

Аз саҳнаи маросими баргузоргашта мудири кулли Apple Тим Кук қайд намуд:

«Ин Mac Pro-и нав аст. <…> Илова бар ин, ин пуриқтидортарин ноутбуки Mac мебошад, ки дар навъи худ якумин аст».

Таҷҳизоти мазкур аз протсессори Intel Xeon ва хотираи фаврии зиёда аз 1,5 терабайт иборат аст.

Apple ноутбуки нави худро пешниҳод намуд

 Компютерро метавон бо ду видеокартаи Radeon Pro Vega II муҷаҳҳаз гардонд, ки аз рӯи ин дастовардаш ширкати Apple ин таҷҳизотро «муқтадиртарин дар ҷаҳон» меномад.

Дар маҷмӯъ таҷҳизоти мазкур аз монитори нав ташкил гардидааст, ки Pro Display XDR ном гирифтааст. Он LCD-дисплейи 32-дюйм, бо таносуби тарафҳои 6016 x 3284-ро доро аст. Арзиши Mac Pro-и нав аз $5999 сар мешавад ва фурӯши он бошад аз ҳамин тирамоҳ оғоз меёбад. Барои Pro Display XDR на камтар $4999 пардохт намудан лозим меояд.

Сарчашма: https://rns.online/it-and-media/Apple-predstavila-novii-Mac-Pro-2019-06-03/?utm_source=yxnews&utm_medium=desktop

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон