Шавҳари Бейонсе аввалин репсарои миллиардери ҷаҳон шуд

Шавҳари Бейонсе аввалин репсарои миллиардери ҷаҳон шуд

 Репсарои амрикоӣ Ҷей Зӣ нахустин миллиардери рэпхон дар ҷаҳон номида шуд. Дар ин бора рӯзи 3-юми июн маҷаллаи Forbes хабар дод.

Нашрия тамоми сарчашмаҳои моликияти Шон Картерро (номи ҳақиқии Ҷей Зи) таҳлил намуд. Шампони тамғаи “Armand de Brignac” (310 миллион доллар), дар зинаи дуюм – маблағҳои нақд, пулҳо дар суратҳисоб ва сармоягузориҳо, аз ҷумла саҳмия дар Uber дар маблағи наздик ба 70 миллион доллар (220 миллион) ва сеюм – бренди коняки «D’Ussé» (100 миллион) ба репсаро даромади бештарро меорад. Тиҷорати мусиқавии Ҷей Зӣ камдаромаднок аст: сервиси онлайни мусиқавии Tidal – 100 миллион, ширкати мусиқавии Roc Nation —  75 миллион, феҳрасти мусиқавии шахсӣ — 75 миллион. Коршиносон лавҳаҳои ӯро — 70 миллион ва амволи ғайриманқулро – 50 миллион ҳисобиданд.

Мақомҳои дуюм ва сеюро дар рӯйхати репсароёни сарватманд Пафф Дэдди (820 миллион доллар) ва Доктор Дре (770 миллион) ишғол намуданд.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/336109

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон