Ширкати Sony филм ба навор хоҳад гирифт?

 Ширкати Sony филм ба навор хоҳад гирифт?

 Ширкати Sony тасмим гирифт, ки минбаъд интизори пешниҳодҳои ҳамкорӣ аз ҷониби студияҳои калони Hollywood нашавад.

Sony Interactive Entertainment киностудияи худро муаррифӣ намуд, ки дар асоси бозиҳои машҳури худ филм ба навор гирад. Дар ин бора «Телеспутник» хабар медиҳад.

«Студия бевосита ба рӯи навор овардани бозиҳо машғул мешавад, на ин ки ба мисли дигар ширкатҳои бузурги созандаи бозӣ — Activision Blizzard ва Ubisoft ба лоиҳа иҷозатнома медиҳад. Ба дистрибутсияи филмҳо ширкати Sony Pictures машғул мешавад», — хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки PlayStation Productions аллакай коро рӯи лоиҳаи нав оғоз намуд.

Сарчашма: http://mediasat.info/2019/05/21/sony-studiya/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон