Роҳи нави ҷалби харидорон: Раҳбари TikTok смартфон месозад

 Роҳи нави ҷалби харидорон: Раҳбари TikTok смартфон месозад

 Ширкати ByteDance, созандаи шабакаи иҷтимоии TikTok, ба наздикӣ метавонад як лоиҳаи бонуфузи худро ба роҳ монад: ин ҳам бошад смартфон. Дар ин бора рӯзномаи The Financial Times дар такя ба ду манбаи огаҳ аз лоиҳа иттилоъ медиҳад.

Ширкат мехоҳад харидоронро бо роҳи баровардани смартфон, ки дар он замимаи ByteDance аллакай насб шудааст, ба худ ҷалб намояд. Он дорои лентаҳои хабарӣ, бозиҳо, хизматрасониҳо барои офаридани видео мебошад.

Ширкат ба ғайр аз TikTok, ба ҳамин монанд боз Douyin-и хитоӣ, мессенҷери Flipchat-ро доро мебошад. Гуфта мешавад, ки ширкат барои интиқоли мусиқӣ офаридани хизматрасонии худро дар назар дорад, то ин ки бо ширкатҳои Apple Music ва Spotify рақобат намояд.

Сарчашма: https://360tv.ru/news/tehnologii/smi-vladelets-tiktok/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон