Парвандаи ҷиноии Гулмирзоев, мақомдори андоз барои порагирӣ

Парвандаи ҷиноии Гулмирзоев, мақомдори андоз барои порагирӣ

 Ожонси мубориза бо фасод аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Мухамед Гулмирзоев, мақомдори идораи андоз бо иттиҳои порагирӣ хабар додТибқи иттилои Ожонс, Гулмирзоев Мухамед Ғоибназарович, мутахассиси нозироти андози ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз шаҳрванд  “А” 2000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, онро 22 апрели соли 2019 дар утоқи кориаш, воқеъ дар вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи М.Турсунзода-42 шахсан гирифт

Гулмирзоев ба ивази пора ваъда додааст, ки шаҳрванд “А”-ро аз ҷавобгарии маъмурӣ бо моддаи 601-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон озод мекунад.

Ожонс таъкид кард, алайҳи Гулмирзоев санаи 24 апрел бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ – порагирӣ, парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.

Феълан назари худи Гулмирзоев дар барои ин иттиҳом маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон махсусан аз мақомдорони андоз интиқод кард, ки беасос барои ҷайби худу пур кардани нақша қарзро бори соҳибкорону сармоягузорон мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ду баробар коҳиш ёфтани сармоягузоронро дар Тоҷикистон мисол оварда, таъкид намуд, ки он натиҷаи фишори кормандони андози кишвар мебошад.

Раисиҷумҳур таъкид кард, ки ба зиммаи андозсупорандагон уҳдадориҳои беасосро вогузор мекунанд ва афзуд, мақомдорон барқасд барзиёд ҳисоб мекунанд, то ба фоидаи ҷайбашон маблағ ситонанд.

“Талаб мекунанд, барои ҷайби худ. Вақте надод, ҳаминро ҳисоб мекунанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.



Read more: https://sputnik-tj.com/economy/20190603/1029058583/Bozdoshti-Gulmirzoev-maqomdori-andoz-baroi-poragiri.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон