МУТАРАҚҚӢ ВА ЗАМОНАВӢ. ДАР БОРАИ СМАРТФОНИ НАВИ SAMSUNG БОЗ ЧИРО МЕДОНЕМ?

МУТАРАҚҚӢ ВА ЗАМОНАВӢ. ДАР БОРАИ СМАРТФОНИ НАВИ SAMSUNG БОЗ ЧИРО МЕДОНЕМ?

 Соли равон фурӯшандаи кореягии ҷанубӣ бояд таҷҳизоти навро муаррифӣ намояд, ки он ҳатто аз смартфони қатшаванда фарқ мекунад.

Дар твиттери худ инсайдери (манбаъи огоҳ аз қазия) шинохта Ice Universe навиштааст, ки дар нимаи дуюми соли 2019 ширкати Samsung дастгоҳи мобилии мутараққиро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи вебнавис (блогер), гаҷети оянда ба навгониҳои Galaxy Note ё худ Galaxy Fold-и деринтизор дахл надорад.

https://twitter.com/UniverseIce/status/1130722539183849473

Эҳтимол, соли ҷорӣ ширкати Samsung, Galaxy S11-ро пешниҳоди дӯстдорони навгониҳои техлогия мекунад, ки соҳиби тавсифи мутараққӣ хоҳад шуд ва бо функсияҳои нав моро ҳайратзада менамояд.

Пештар Ice Universe хабар дод, ки кор рӯи Galaxy S11 аллакай ба роҳ монда шудааст ва номи рамзии смартфон – Picasso мебошад. Маълумоти расмиро аз ширкати кореягии ҷанубӣ интизор хоҳем буд ва маълумоти навро пайгирӣ хоҳем кард.

Сарчашма: https://hi-tech.mail.ru/news/novy_samsung_ne_fold/?frommail=1

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон