Қурби доллар дар бозори ғайрирасмии асъор дар Тоҷикистон боло рафт

Қурби доллар дар бозори ғайрирасмии асъор дар Тоҷикистон боло рафт

 Қурби сад доллари амрикоӣ дар бозори ғайрирасмии асъор дар Тоҷикистон аз марзи 1000 сомонӣ гузаштааст.

Дар ҳоле ки ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Хуҷанду Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб рӯзи 15-уми май гуфтанд, сад доллар дар бозори ғайрирасмӣ ба ҳазор сомонӣ хариду фурӯш мешавад, қурби расмии Бонки миллӣ ҳанӯз бетағйир аст. Мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллӣ, рӯзи чаҳоршанбе 1 доллар 9 сомониву 43 дирам ва ё 100 доллар 943 сомонӣ муайян шудааст.

"Хоҳед, гиред. Нахоҳед -- не"

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Душанбе ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул аст. Ӯ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ашёи хомро аз ширкатҳо ва соҳибкороне мегирад, ки аз хориҷа мол ворид мекунанд ва онҳо ба ивази 100 доллар ҳазор сомонӣ мехоҳанд.

“Фурӯшандаҳо бо ҳамин қурб молро мефурӯшанд ва мегӯянд хоҳед бихаред, нахоҳед не”, -- гуфт ин соҳибкор.

Рӯзи чаҳоршанбе дар чанде аз бонкҳои тиҷоратии кишвар – “Эсхата”, “Соҳибкорбонк” ва “Казкоммертсбонк” қурби фурӯши долларо 944 сомонӣ гуфтанд, аммо таъкид карданд, ки айни замон доллари нақд надоранд.

Дар идораи хазинадории “Казкоммертсбонк” гуфтанд, дар сурати ба даст омадани доллар ҳозиранд ба шаҳрвандон бо пешниҳоди шиноснома ва суратҳисоби бонкӣ на беш аз 500 доллар бифурӯшанд.

Қурби долларро дар “Соҳибкорбонк” ва “Эсхата” низ 944 муаррифӣ карда, гуфтанд, ҳозиранд, ба як нафар на беш аз 200 доллар бидиҳанд.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар яке аз ташкилоти молиявӣ гуфт, Бонки миллӣ хариду фурӯши асъорро дар тамоми созмонҳои қарзӣ ва бонкҳо тавассути Thomson Reuters, ки ҳама муассисаҳои молиявӣ ба он обуна ҳастанд, назорат мекунад.

Бонки миллӣ айни замон ба ташкилоти қарзӣ дар як рӯз 30 ҳазор ва барои бонкҳо андаке бештар доллари нақд медиҳад. “Мо ҳамин миқдор асъор ва ҳамчунон он маблағе, ки одамон дар идораҳои мо иваз мекунанд, ба муштариён мефурӯшем. Барои ҳар кас на беш аз 200 доллар бо пешниҳоди шиноснома”, -- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

То замони нашри ин матлаб Бонки миллӣ дар ин робита изҳори назар накард. Баробари дастрас шудан, Радиои Озодӣ онро ба нашр мерасонад.

Айни замон фарқият дар қурби расмии рубли русӣ ва қурби бозории он низ дар ҳоли афзоиш будааст. Бонки миллӣ қурби 1000 рубли русиро 144 сомонӣ муайян кардааст, аммо дар бонкҳо онро ба ивази 145-146 сомонӣ мехаранд ва ба 148-150 сомонӣ мефурӯшанд.

"Аз борон ба барф задем"

Мушкили қурби асъори хориҷӣ ва норасоии он дар маҷлиси рӯзи 10-уми май бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони соҳаи молияву гумрук баррасӣ шуд.

Раисҷумҳур гуфт, бо бастани 800 нуқтаи саррофӣ дар кишвар мушкили камбуди асъори хориҷӣ ҳал нашуд ва бонкҳо ҳангоми муроҷиати муштариён “доллар нест” мегӯянд. Дар тавсифи ин вазъият раисҷумҳур гуфт, “аз борон ба барф задем”.

Аммо коршиносон мегӯянд, камчинии арзи хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон ба вазъи иқтисодии кишвар ва омилҳои берунӣ пайванд дорад. Ораш Хоҷамуродов, иқтисоддони тоҷик, гуфт, Тоҷикистон се сарчашмаи арзи хориҷӣ дорад.

“1) Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷа, ки чандон зиёд нест. 2) Интиқоли пул аз хориҷа. 3) Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ. Аммо баромади асъори хориҷӣ аз кишвар хеле зиёд аст, чун ҳаҷми воридот аз содирот дида, ба маротиб бештар аст”, -- шарҳ дод ӯ.

Бинобар омори расмӣ Тоҷикистон дар соли 2018 ба миқдори 1 миллиарду 100 миллион доллар ба хориҷ мол содирот карда, ба қадри 3 миллиарду 100 миллион сомонӣ аз хориҷа мол харидааст. Яъне ҳаҷми содирот аз кишвар аз воридот се маротиба камтар аст.

Бонки миллии Тоҷикистон оғози имсол гуфт, барои қонеъ сохтани ниёзи кишвар ба воридоти мол аз хориҷ Тоҷикистон ҳар рӯз ба 24 миллион доллари нақд ниёз дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон