Дар охири конфронс як чорабинӣ ба пешрафти намунаҳои либосу матоъҳои миллӣ аз Осиёи Марказӣ ва роҳҳои пешкаши онҳо ба бозори мӯди байналмилалӣ бахшида шуда буд. Дар ин самт, таҷрибаи беназири созмони "Зази Винтаҷ" ва лоиҳаи "Ташаббус баҳри рушди мӯди халқӣ" ба иштирокчиён пешниҳод гардида нишон дод, ки читавр метавон брендинги самарабахшро бо муваффақият бо даромади бештару устувор ва усулҳои истеҳсолӣ бо истифода аз маводҳои органикӣ якҷоя кард.

 

Дар конфронс истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аз ҳамаи соҳаҳо имкон доштанд, ки маҳсулоти худро ба шарикони аврупоӣ нишон диҳанд. Ин конфронс фурсати Тоҷикистонро дар раванди бастани шартномаи эҳтимолии оид ба "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (НУИ +)" зиёд намуда, ба тавсеаи имконоти содироти маҳсулотҳои баландсифати кишвар ба бозори Иттиҳоди Аврупо мусоидат кардааст.