«ТОҶИК ЭЙР» БАЪДИ СЕ МОҲИ ТАНАФФУС БА ОСМОН БАРМЕГАРДАД

«Тоҷик Эйр» - ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон баъди 3 моҳи танаффус аз 31 март парвозҳояш дар хатсайри Душанбе – Маскавро дубора шурӯъ мекунад. Дар ду нуқтаи билетфурӯшии Душанбе ба сомонаи «Ахбор» тасдиқ карданд, ки фурӯши чиптаҳо барои парвозҳои «Тоҷик Эйр» оғоз шудааст. Намояндаи «Тоҷик Эйр» ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки «кор дуруст шуда истодааст ва шояд аз моҳи оянда парвозҳо дар хатсайрҳои дигарро низ аз сар бигирем.» «Тоҷик Эйр» рӯзи 4 январ якбора тамоми парвозҳояшро мутаваққиф кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ роҳбари ин ширкат Хайрулло Раҳимовро аз толори ҷаласаи солонаи ҳукумат аз кор ҷавоб дод. Ба ҷои ӯ муовини аввали раиси дастгоҳи президент Дилшод Исматуллозода таъйин шуд. Ӯ ваъда дод, ки ба зудӣ парвозҳои «Тоҷик Эйр» аз сар гирифта мешаванд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» рӯзи 12 март хабар доданд, ки ин ширкат батадриҷ аз вазъияти буҳронӣ берун меояд ва аз 31 март, баъди се моҳи таваққуф аввалин парвозашро аз сар мегирад.

арвози аввал бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбебаъди қариб се моҳи танаффус рӯзи 31 март сурат мегирад. Чиптаҳо ба ин парвоз алакай дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ фурӯхта мешаванд. Кор дуруст шуда истодааст ва шояд аз моҳи оянда парвозҳои дар дигар хатсайрҳоро низ аз сар бигирем,"— гуфтааст намояндаи ширкати «Тоҷик Эйр” ба хабаргузории русии Интерфакс.

Хабаргузории русии ТАСС низ бо такя ба намояндаи «Тоҷик Эйр» хабар дод, ки парвозҳои ин ширкат дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе 31 март аз сар гирифта мешаванд: "Аз 31 март парвозҳо сар мешаванд," - гуфт ҳамсуҳбати хабаргузорӣ. Ба гуфтаи ӯ, парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедово бо ҳавопаймои Boeing 757 ҳар рӯз анҷом хоҳанд шуд. Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ афзуд, ки фурӯши чиптаҳо аз 7 март оғоз ёфтааст.»

Дар ду нуқтаи чиптафурӯшии Душанбе низ дар суҳбат бо сомонаи «Ахбор» тасдиқ карданд, ки фурӯши чиптаҳо ба парвозҳои «Тоҷик Эйр» аз Душанбе ба Маскав шурӯъ шудааст. Вале дар Интернет ҳанӯз харидани чиптаҳо барои парвозҳои ин ширкат имкон надорад.

«Тоҷик Эйр» ҳанӯз соли 1930 таъсис ёфта, қадимтарин ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ва дар ҳоли ҳозир ягона ширкати ҳавопаймоии давлатии ин кишвар аст. Ин ширкат аз поёни соли 2018 дучори мушкилот шуд ва парвозҳояш аксар бо таъхир сурат мегирифт. Рӯзи 4 январ «Тоҷик Эйр» эълон кард, ки тамоми парвозҳояшро мутаваққиф мекунад.

Буҳрони «Тоҷик Эйр» боис шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат бо як лаҳни шадид аз роҳбарони ин ширкат танқид кард ва роҳбари «Тоҷик Эйр»-ро дар ҳамон ҷаласа бо ибораи «Ба шумо ҷавоб!» аз маҷлис ҷавоб дод.

Ба дунболи барканории Раҳимов, Дилшод Исматуллозода, муовини аввали раиси дастгоҳи президент роҳбари нави "Тоҷик Эйр” таъйин шуд. Исматуллозода ваъда дод, ки фаъолияти ширкат ва парвозҳои мутаваққифшудаашро барқарор мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон