ТОҶИКИСТОН ГУГЛ ВА ФЕЙСБУКРО АНДОЗ МЕБАНДАД

 

Bазорати молияи Тоҷикистон тарҳи тағйирот ба Кодекси андозро омода кардааст, ки бар асоси он, ширкатҳои хориҷие, ки солона ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ ба сокинони Тоҷикистон хидматҳои электронӣ мерасонанд, бояд худро дар ниҳодҳои андози Тоҷикистон сабти ном карда, андоз супоранд. Сухан дар бораи ширкатҳое, чун Google, Apple , Microsoft, Facebook, Ali Express, YahooFacebook меравад. Завқибек Шодиён, намояндаи Кумитаи андоз рӯзи 12 март дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои ин ширкатҳо таъсиси намояндагӣ дар Тоҷикистон шарт нест, вале бояд худро сабти ном кунанд ва ба шакли электронӣ андоз супоранд. Ӯ ҳушдор дод, ки агар ин ширкатҳои хориҷӣ аз сабти ном ва супурдани андоз саркашӣ кунанд, нисбати онҳо тибқи қонун чораандешӣ хоҳанд кард.

Завқибек Шодиён, сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 12 март дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, вазорати молия тарҳи тағйирот ба Кодекси андози кишварро омода кардааст. Бар асоси ин тағйирот, бино ба гузориши «Азия Плюс», ширкатҳои хориҷие, ки солона ба сокинон ва ширкатҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ хидмати электронӣ мерасонанд, бояд худро дар ниҳодҳои андози Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда сабти ном кунанд ва андоз супоранд.

Завқибек Шодиён гуфт, ин тарҳи тағйирот дар ҳоли ҳозир дар дасти баррасии идораву вазоратҳои зидахли давлатӣ қарор дорад ва баъди баррасӣ ба ҳукумат ироа мешавад.

Завқибек Шодиён гуфт, дар Кодекси андози Тоҷикистон алакай чунин муқаррарот вуҷуд дорад, ки агар ширкати хориҷӣ солона дар қаламрави Тоҷикистон ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ хидмат мерасонад, бояд дар ниҳодҳои андоз сабти ном шавад. "Вале мутаассифона, то кунун ягон чунин ширкат худро сабти ном кардааст,” – изҳор дошт ӯ.

Намояндаи Кумитаи андоз гуфт, тағйироти нав ба Кодекси андоз имкон медиҳанд, ширкатҳои хориҷие, ки ба сокинони Тоҷикистон хидматҳои электронӣ мерасонанд, вале худ берун аз кишвар қарор доранд, ба супурдани андоз аз арзиши изофа (НДС) муваззаф карда шаванд. Ӯ гуфт, сухан дар бораи андоз барои ироаи хадамоти электронӣ меравад, чунки молҳое, ки ин ширкатҳо мефиристанд, ҳангоми убури марзи Тоҷикистон боҷу хироҷ ва андоз баста мешаванд.

Завқибек Шодиён гуфт, ба ширкатҳои хориҷӣ шарт нест, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ кушоданд, балки бояд танҳо худро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кунанд ва эъломияи андозашонро сипас метавонанд дар шакли электронӣ пешниҳод кунанд.

Ӯ аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард, вале гуфт, агар ширкатҳои хориҷӣ аз сабти ном ва супурдани андоз саркашӣ кунанд, нисбат ба онҳо бар асоси қонун чораҳо андешида хоҳанд шуд.

"Азия Плюс” менависад, ки қаблан раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки ба ҳукумати тарҳи тағйирот ба қонун пешниҳод шудааст, ки бар асоси он ширкатҳои хориҷие, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хидматҳои электронӣ ироа мекунанд, бояд дар ниҳодҳои андоз сабти ном шаванд. Давлатзода аз ҷумла ширкатҳои Google, Apple , Microsoft, Facebook, Ali Express, Yahoo ва ширкатҳои дигарро ном бурда буд.

Давлатзода гуфт, таҷрубаи талаби супурдани чунин андоз дар бисёр кишварҳои дунё вуҷуд дорад.

Чанд сол пеш Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ ин суолро матраҳ карда буд, ки оё соҳиби Фейсбук дар Тоҷикистон андоз месупорад? Ӯ аз Марк Тсукерберг хоста буд, ки дар ягон рӯзи қабулаш ба Хадамоти алоқа омада, бо вай ояндаи кори ширкаташ дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Ин суханони Бег Сабур дар рӯзҳое буд, ки Хадамоти алоқаи дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд шабакаи дигари иҷтимоиро дар Тоҷикистон масдуд карда буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон