Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳри энергетикҳо санаи 20 март ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳусни оғоз мебахшад.

Дар назар аст, ки Сарвари давлат бо намояндагони ширкате, ки ба ин корҳо машғул мешавад, мулоқот барпо мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Тендери байнулмилалӣ оид ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак (марҳилаи аввал) охири моҳи августи соли 2017 эълон шуда буд.

Он замон ширкати “Барқи тоҷик” байни се иштирокии тендер гурӯҳи ширкатҳои ANDRITZ-ро интихоб намуд, ки дафтари асосии кориаш дар Австрия воқеъ аст.

Бино ба маълумоти ин ширкат, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак беш аз 120 млн. доллар маблағ сарф шуда, иқтидори нерӯгоҳ, ки айни замон 3 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад, баъди ба охир расидани корҳо 12% меафзояд.

“Мувофиқи лоиҳа ба ҷойи гидроагрегатҳои кӯҳна турбинаҳои Френсис гузошта шуда, ҳамчунин автотрансформаторҳо ва дигар қисмҳои низоми энергетикии нерӯгоҳ низ иваз карда мешаванд”, - қайд мешавад дар маълумоти ANDRITZ.

Охири соли 2017 барои амалисозии лоиҳаи “Таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” ҳамаи маблағи зарурӣ – 350 млн. доллар дарёфт шуд.

Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд 225 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 57 млн. доллараш грант ва боқимонда қарзи имтиёзнок аст. Фонди авруосиёии субот ва рушд ба сифати қарз 40 млн. доллар ҷудо карда, боз Бонки осиёгии сармоягузории зерсохторӣ низ 60 млн. доллар қарз медиҳад. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 25 млн. долларро ташкил медиҳад.

Марҳилаи аввали лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак муддати панҷ сол амалӣ мешавад. Барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа низ 350 млн. доллар маблағ зарур аст. Пас аз пурра анҷом ёфтани корҳои таъмиру навсозӣ, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар иншоот то ба 3300 МВт мерасад.