Корпоратсияи давлатии China Machinery Industry Construction Group Inc-и Чин ба ҷалби 300 млн. доллар ҷиҳати рушди корхонаҳои коркарди нахи пахтаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Санаи 5 март вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ҳайати соҳибкорони Чинро таҳти роҳбарии Ху Син, менеҷер оид ба масъалаҳои тиҷоратии Ширкати Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп Инк ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, корпоратсияи Чин ба корхонаи «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк» ҷиҳати ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои рушди коркарди нахи пахта мусоидат менамояд. Ин корхона дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии тозатаъсиси “Кӯлоб воқеъ аст.

Гуфта мешавад, сармоягузорӣ ба ин корхона дар ду марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи аввал 130 млн. ва дар марҳилаи баъдӣ – 170 млн. доллар маблағгузорӣ анҷом дода мешавад.

Дар корхонаи мазкур дар маҷмӯъ фароҳам сохтани 5,5 ҳазор ҷойҳои корӣ, аз ҷумла 3 ҳазору 750 ҷойҳои кории мустақим пешбинӣ гардида, дар як сол коркарди тахминан 3,5 ҳазор тонна нахи пахта дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи феврали соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” қарор қабул кард. Аз соли 2008 дар ҷумҳурӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ - «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» амал мекунанд.

Ширкати China Machinery Industry Construction Group Inc моҳи сентябри соли 1953 таъсис дода шуда, яке аз корпоратсияҳои бузургтарини сохтмонии Чин ба шумор меравад.