расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Раисони шохаҳои дигари “Барқи тоҷик” маълум шуданд

. / Иқтисодиёт

Раисони шохаҳои дигари “Барқи тоҷик” маълум шуданд

Акнун ин ширкат ба се шохаи мустақил ҷудо шуд, ки ҳар кадоме раисони худро доранд.


Баъди ба се бахш тақисм шудани ширкати “Барқи тоҷик” бори аввал, пас аз гузашти якуним сол раисони қисматҳои дигари он таъин шуданд.
Бо як қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз Билолзода Умедҷон Ҳайдар директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Маҳмудзода Мирзо директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» таъин шуданд.
Моҳи июни соли гузашта баъди баҳсҳои зиёди даҳсола ширкати “Барқи тоҷик” ба се ширкат ҷудо шуда буд, ки «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз ин ширкат ҷудо шуда буданд.
Он замон гуфта мешуд, ки ин ду ширкати нав то як муддат дар сохтори “Барқи тоҷик” фаъолият мекунанд ва баъдан мустақил мешаванд.

Тақдиди сохтории ширкати “Барқи тоҷик”, ки гуфта мешавад тавсияи созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон буд, дар ҳоле сурат гирифт, ки ин ширкат наздик ба 2,5 миллиард доллар қарздор мебошад.
Ахиран хабаре расонаӣ шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ширкат бо малағи 6,7 миллион доллар дуздии барқро ошкор кардааст. Ҳамчунин Додситонии кулл рӯзи 30-юми октябр комиссияи вижаеро барои “тафтиши корбурди сарфакоронаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти неру ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи нави пардохти пули барқро дар саросари ҷумҳурӣ” месанҷад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.