Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба имзои барномаи навбатии дастгирӣ аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) моҳи марти соли равон умедвор аст.

Дар чаҳорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарз дар ҳаҷми беш аз 220 млн. доллар дар назар аст, хабар дод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

“Айни замон ҷараёни мувофиқасозии барнома байни тарафҳо идома дошта, натиҷаи ниҳоӣ зимни сафари навбатии ҳайати Хазина ба ҷумҳурӣ, ки нимаи аввали моҳи марти ҳамин сол пешбинӣ шудааст, ҳосил мешавад”, - гуфт ӯ.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки гуфтушунидҳо бо Хазина оид ба барномаи мазкур муддати ду соли охир ҷараён доранд.

Бино ба қавли ӯ, зимни гуфтушунидҳо қариб бист шартҳои пешакӣ гузошта шуданд, ки пурра ба иҷро расидаанд.

“Ин шартҳо ба ислоҳот дар қонунгузории бонкии кишвар ва дигар бахшҳо дахл доштанд”, - иброз дошт раиси Бонки миллӣ.

Зимнан илова шуд, ки воситаҳо дар доираи барнома сесола барои дастгирии буҷет, боло бурдани рейтинги кишвар ва дар дигар самтҳо истифода хоҳанд шуд, ки минбаъд ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сафари охирини ҳайати ХБА ба Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он намояндагони Хазина изҳор намуданд, ки барои пешравӣ дар самти дастгирии буҷети Тоҷикистон бо ҳукуматдорони кишвар дар робитаи доимӣ хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки муҳлати амали барнома пешини сесола, ки дар доираи он ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок ҷудо кард, моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.