Воридоти тухми мурғ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон манъ набуда, барои ин ҳеҷ гуна монеъае вуҷуд надорад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Фарҳод Камолзода.

Ӯ қайд кард, ки соли 2018 ҳаҷми воридоти тухм ҳамагӣ 1 ҳазору 817 тонна (дар ин Кумита тухмро бо дона ҳисоб намекунанд)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин (соли 2017) 8 ҳазору 111 тонна камтар аст.

Сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти тухми мурғро аз Ӯзбекистон раиси Кумита тақвияти иқтидорҳои корхонаҳои паррандапарварӣ дар Тоҷикистон ва мутаносибан афзоиши истеҳсоли тухм унвон кард.

Бино ба маълумоти Агентии омор ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2018 дар ҷумҳурӣ беш аз 45 млн. дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017 ба андозаи 32% бештар аст.

Журналистон ба масъалаи дарвоқеъ ҳам ғайрирасмӣ манъ шудани воридоти тухм аз Ӯзбекистон ба хотири ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Камолзода ин иддаъоро рад намуда, зикр кард, ки давоми моҳи январ ягон соҳибкор ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои воридоти тухм ба Кумита муроҷиат накардааст.

“Ҳақиқатан ҳам пештар вақте ки роҳ ба Ӯзбекистон баста буд, аз Қазоқистону Русия тухм меоварданд. Акнун бо фаъол шудани кори корхонаҳои паррандапарварӣ, талабот ба воридоти ин маҳсулот кам шуд”, - иброз дошт ӯ.