БОЗОРИ “ФАРОВОН”-И ДУШАНБЕ БА ДАСТИ ДОМОДИ ПРЕЗИДЕНТ ГУЗАШТ

Бозори "Фаровон”, бузургтарин бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе молики худро иваз кардааст. Ин бозор, ки қаблан ба бародарон Сафар ("Сафар-сентр”) ва Ғафур Муродалиевҳо тааллуқ дошт, ҳоло дар ихтиёри Зарифбек Давлатов, шавҳари Таҳминаи Эмомалӣ, яке аз духтарони президент Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Молики нав мехоҳад дар як қисмати ин бозор фурӯшгоҳи замонавӣ бунёд кунад. Бино ба иттилои расида, ҳамчунин маркази савдои "Садбарг”, ки низ ба бародарон Муродалиевҳо тааллуқ дошт, ба дасти Зарифбек Давлатов мегузарад.

Ҷузъиёти муомилаи байни Сафар ва Ғафур Муродалиевҳо ва домоди президент маълум нест, вале дар бозори "Фаровон” дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, 10-и шаҳри Душанбе алакай нафарони Зарифбек Давлатов дастбакор шудаанд.

Як фурӯшандаи бозори "Фаровон” ба шарти набурдани номаш ба сомонаи "Ахбор” гуфт: "Аслан ин бозор ҳамчун бозори саҳомӣ аз тарафи чанд соҳибкор ташкил гардида буд Мардум то имрӯз дар ин ҷо тиҷорати худро пеш мебурданд, вале чанде пеш домоди президент, Зарифбек ин бозори калонтаринро аз худ кард ва ҳоло бозорнишинҳо дар фикр задаанд, ки оё метавонанд, мисли пеш ин ҷо тиҷорат кунанд, ёна?”

Қабл аз Соли нав намояндагони Зарифбек ба бозор омада гуфтаанд, ки баъд аз соли навтамоми нархи иҷораҳо аз нав бозбинӣ мешавад. Ҳамчунин гуфтаанд, ки як қисмати бозор бардошта мешавад ва ба ҷояш бозори замонавӣ бунёд мекунанд.

Бозори "Фаровон” бузургтарин бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти хӯрокворӣ дар пойтахти Тоҷикистон буда, дар ин ҷо тоҷирон маҳсулотҳои хуроквориро ба таври яклухт ба савдо мегузоранд ва тоҷирони хурдтар аз Душанбе ва атрофи он дӯконҳои худро асосан аз ҳамин ҷо бо маҳсулот таъмин мекунанд.

Ин нахустин бозор дар Душанбе нест, ки назораташ ба дасти наздикони президент мегузарад. Қаблан бозори "Меҳргон” бо қарори шаҳрдории Душанбе ба ширкати "Фароз”-и марбут ба домоди дигари президент Шамсулло Соҳибов супурда шуда буд. Ширкати "Фароз” ҳамчунин дар Душанбе як бозори бузурги молҳои сохтмонӣ сохта истодааст, ки сохтмонаш дар ҳоли анҷомёбист ва баъди ба истифода доданаш, интизор меравад, дӯконҳои бозори "Ҷал-Ҷам”-ро ба онҷо бикӯчонанд.

Зарифбек Шарифбекович Давлатов, зодаи деҳаи Меҳробод (собиқ Учқул)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо Таҳминаи Эмомалӣ, яке аз 7 духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон издивоҷ кардааст. Худи Зарифбек Давлатов дар соҳаи гумрук кор мекунад, вале хонаводааш баъди издивоҷи ӯ бо духтари президент соҳиби тиҷоратҳои бузурге шуд, ки асосан тавассути додараш Шерзод Давлатов чархонда мешаванд. Ширкатҳои оилаи Давлатовҳо дар бозори сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар Душанбе нақши пештоз дошта, ҳамчунин, бино ба хабарҳо, чандин тиҷорати дигари пурфоида, аз ҷумла воридоти мошин ва оби нӯшокии "Ред Булл”, ва ҳамин тавр, чанд хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ таҳти назорати ин ширкатҳо қарор дорад.

Бархе манобеъ мегӯянд, бародарон Сафар ва Ғафур Муродалиевҳо, ки дар вақташ дар атрофи маркази савдои "Садбарг” силсилаи мағозаҳои "Сафар-сентр”-ро ҳам таъсис дода буданд, маркази савдои "Садбарг”-ро низ ба ин домоди президент додаанд. Ҷузъиёти ин муомила ҳам ҳанӯз дастрас нест.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон