КОРХОНАИ ХИТОӢ САНГКАШОНИРО БА РОНАНДАҲОИ ТОҶИК МАНЪ КАРДААСТ

Роҳбарони корхонаи тиллои "Зарафшон” – корхонаи муштараки ТоҷикистонуЧин дар Панҷакент ба ронандагони маҳаллӣ кашондани сангро аз атрофи ин корхона манъ кардаанд. Ронандагоне, ки аз як луқма нони даҳони худ маҳрум шуданд, бо шикоят ҳатто то ба пеши раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафтаанд, вале директори корхонаи "Зарафшон” Ҷaн Ҳоллинг ба намояндаи ҳукумати Панҷакент, ки барои ҳалли ин қазия ба корхона омада буд, гуфтааст, ки ҷавоби ин тасмимро худаш ба ҳукумат хоҳад дод. Ронандагони бекормонда мегӯянд, ки дигар намедонанд ба кӣ арзу дод кунанд?

 

 

Исмоил Зарифӣ 

 

 

ХИТОИҲО САНГКАШОНИРО НИЗ МАНЪ КАРДААНД

Бознашр аз Фейсбук

Тасодуфан имрӯз гузорам ба корхонаи муштараки «Зарафшон» афтод. Дар он ҷо чашмам ба гуруҳи калони ронандагон, ки аз пайдоиши ин корхона, аз солҳои навадуми асри гузашта машғул буданд, афтод. Ҳар кадоми онҳо бо мошинҳои шахсияшон ба идораҳои давлатию мардум аз партовгоҳҳои корхона санг мекашонданд ва ҳар кадоми он ҳамарӯза ду мардикорро ба сангборгарӣ мебурданд ва ба ин васила ҳам оилаи худ ва ҳам оилаи мардикоронро бо меҳнати сангину ҳалоли худ мехӯронданду мепӯшонданд.

Вале аз он рӯзе, ки Ҷан Холлинг ба вазифаи директори генералии ин корхона ба кор пардохт, тоҷикон, замину об ва сангҳою гиёҳҳои аз хоки кишвари мо рустаро моли меросии падари хеш ҳисобид.
Азбаски ҳамаи онҳоро мешинохтам, сабаби он ҷо гирд омаданашонро пурсидам. Облобердӣ, ки як навъ вазифаи бригадирии сангкашонро иҷро мекунад, гуфт:
— Се моҳ мешавад, ки бо супориши Ҷан Холлинг моро намегузоранд, ки ба ин пеша машғул шавем. Моро солҳои ҳафтодум аз баландкӯҳ кӯчонда ба водӣ фароварданд, вале заминҳо ва рамаҳои моламон дар ҳамон қишлоқи кӯҳнаанд. Балегӯёни чиниҳо барои иҷрои супориши хоҷаашон намегузоранд, ки мо бо мошинҳои шахсиамон ба деҳаи собиқи худ равем. Чор сол мешавад, ки хитоӣ ягон нафар тоҷикро ба кор қабул намекунад. Садҳо нафарро зӯран ба нафақа гуселонданд. Мо ҳам аз маҷбурӣ ба сангкашонӣ машғулем. Агар ба ин кор иҷозат надиҳанд, моро ба кор қабул кунандчунки ҳар кадоми мо панҷ-шаш нафарӣ фарзанду падару модари пир дорем.
Ҳафтаи гузашта чанд ҳамдеҳаамон аз деҳаи Новичомоқ ба қабули Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафта буданд. Ӯ Ҳукумати шаҳри Панҷакентро вазифадор намуд, вале масъалаамон ҳалли худро намеёбад. Ҳозир аз Ҳукумати шаҳри Панҷакент намояндае омадааст ва бо директори мағрур масъаларо ҳал менамояд.
Ҷамшед Имомов гуфт:
— Ман дар собиқ корманди ин корхона будам. Ҳангоме ки дар роҳи ноободи ин корхона ба саддама дучор шудам ва тасодуфан бо гирифтани ҷароҳати зиёд зинда мондам, дар аввал фиребам доданд, ки ба идораҳои дахлдор муроҷиат нанамоям, вале баъдтар мани беморро аз кор барканор карданд.
Интизории мо тӯл накашид. Намояндаи ҳукумат бо сари хам аз идора берун шуд ва ба посухи ронандагон гуфт:
—Худи ҷаноби Ҷан Холлинг ба Ҳукумати шаҳр посух мегӯяд.
Ронандагон бо сари хам саҳни ҳавлии КМ« Зарафшон»- ро тарк намуданд.
Кӣ ба доди мардум мерасад ва Ҷан Холлингҳоро ба ватанашон равона мекунад?

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон