ДАЪВОИ БОНКИ МИЛЛӢ ИСБОТ НАШУД, ВАЛЕ САРИ РАИСОНИ БОНКИ “ЭСХАТА”-РО ХӮРД

Хуршед Носиров, яке аз моликон ва раиси собиқи Бонки Эсхата, гуфт, ки даъвои БонкиМиллии Тоҷикистон дар додгоҳ исбот нашуд. Соли гузашта Бонки Миллӣ иддао кардабуд, ки тавассути Бонки Эсхата муомила "бо гурӯҳҳои террористӣ"ва"қочоқбаронимаводи мухаддир" сурат гирифтааст.Ва ин даъво дар моҳи феврали соли 2018 бабарканории раҳбари пешини бонк сабаб гардид.

Муллораҷаб ЮСУФӢ

Шарҳ баъди тақрибан як соли барканорӣ

Хуршед Носиров пас аз тақрибан як соли барканорӣ аз мақоми худ бо Радиои Озодӣ суҳбат кард ва ин қазияро шарҳ дод. Ӯ рӯзи 8-уми январ гуфт, бо қарори барканориаш розӣ набуд, вале чун "дилдодаи курсӣ нест", эътироз пеш наовард.

Носиров иттиҳоми пулшӯӣ дар замони роҳбариаш дар Бонки Эсхатаро "баҳонае” беш надонист ва гуфт, "суд шуд, вале на маводи мухаддир баромад, на чизи дигар. Фақат номи моро сиёҳ карданд. Дар асл ягон балое нашудааст. Кор бе камбуд намешавад, вале ҳар камбуд сатҳу меъёр дорад."

Ба қавли раиси собиқи Бонки Эсхата, камбуди аслӣ дар он буд, ки дар баъзе ҳолат маблағи ба номи занон ё духтарон интиқолшударо мардони хона гирифтаанд, "вале маблағгузории терроризм ва маводи мухаддир дар миён набуд".

"Ба мо мумкин набудааст"

Хуршед Носиров гуфт, ҳама камбудҳо дар кори Бонки Эсхата бартараф шуда, фаъолияташ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. "Мо барои Эсхата системае сохта будем, ки бе мо ҳам кор мекунад. Аз ҳама муҳимаш система бошад ва кор кунад", - афзуд ӯ.

Бақавли Носиров, ҳоло ӯ ва бародаронаш дигар дар Эсхата фаъолият надоранд ва танҳо ҳамчун саҳмдор дар ҷаласаҳо иштирок мекунанд. Раиси пешини "Эсхата" дар бораи онки чаро дар бонки ташкилкардааш фаъолият надорад, шарҳи зиёд надод ва танҳо гуфт, "ба мо мумкин набудааст".

Барканории Хуршед Носиров бо исрори Бонки Миллӣ дар соли гузашта баъзе сарусадоҳоеро ҳам ба дунбол дошт. Аз ҷумла, бархе аз доираҳои наздик ба низоми бонкии Тоҷикистон тахмин заданд, ки эҳтимол ҳадаф аз тафтишҳои зиёд ва ҷаримаи Бонки Эсхата берун андохтани Носировҳо аз бонк буд.

"Касе ба раҳбарияти собиқи бонк ғараз надорад"

Рӯзи 8-уми январ мақомоти Бонки Миллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба роҳбарияти собиқи Бонки Эсхата ҳеч ғараз надоранд ва "санҷишҳо дар бонк аз рӯи нақша сурат мегирад". Дар Бонки миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба кори дохилии Бонки Эсхата низ дахолате накардаанд.

Суҳбати мо бо Хуршед Носиров дар ҳоле баргузор шуд, ки масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон фаъолияти яксолаи "Эсхата"-ро санҷиш карда, баъзе камбудҳои дигарро ошкор намудаанд. Мақомоти кунунии Бонки Эсхата ҳам гуфтанд, дар ин бора аз Бонки Миллӣ номаи расмӣ дарёфт шудааст, вале ба хотири сирри бонкӣ буданаш чизе нагуфтанд.

Қарор аст, рӯзи 10-уми январи имсол Шӯрои нозирони Бонки Эсхата дар як ҷаласа камбудҳои ошкоркардаи Бонки Миллиро баррасӣ ва роҳи ҳалро барои он муайян кунад. Дар Бонки Эсхата ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин ҷаласа як узви Шӯрои нозирон бо дархости худаш озод ва ба ҷояш нафари дигар таъйин мешввад. Шӯрои нозирони "Эсхата" аз панҷ нафар иборат аст.

25 соли Бонки Эсхата

Бонки Эсхата яке аз ниҳодҳои асосии молӣ дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳиссаи он дар хидматрасониҳои бонкӣ хеле зиёд аст. Бино ба маълумоти намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд, наздики 60 дар сади интиқоли маблағҳо тавассути ин бонк сурат мегирад ва ҳудуди 40 дар сади қарзи муштариён ва ҳамин қадар пасандози сокинон ба "Эсхата” тааллуқ дорад.

Бонки Эсхата соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд таъсис шудааст. Моликони аслии он Диловар, Аюб ва Хуршед Носировҳо ҳастанд, ки беш аз 60 дар сади саҳмияҳои бонкро дар ихитёр доранд. Беш аз даҳ дар сади саҳмияҳои дигари "Эсхата” дар дасти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон