расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Пулиси Тифлис эътирозгаронро бо мошинҳои обпош пароканда кард

. / Ҷаҳон

Пулиси Тифлис эътирозгаронро бо мошинҳои обпош пароканда кард


Эътирозҳо дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон.

Дар пойтахти Гурҷистон, шаҳри Тифлис шоми якшанбе байни эътирозгарон ва пулис занозанӣ рух дод.
Кормандони мақомоти қудратӣ зидди эътирозгарон, ки назди бинои Комисияи марказии интихоботӣ ҷамъ шуда буданд, аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода кард.
Эътирозгарон истеъфои раиси комисия ва таъйини интихоботи нави порлумониро талаб доранд.
Пулис гуфт, ба хотири он аз неру кор гирифт, ки эътирозгарон талош карданд, ба бино ҳамла кунанд. Аммо пулис истифодаи гази ашковарро рад мекунад.
Дар интихоботи порлумонии рӯзи 31 октябр ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" пирӯз эълом шуд. Мухолифон бо роҳбарии ҳизби Ҳаракати ягонаи миллӣ интихоботро тақаллубӣ унвон карданд. Намояндагони мухолифин гуфтанд, аз вуруд ба порлумон худдорӣ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.