расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Озмуни Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон барои беҳтарин сенария

. / Ҷомеа

Озмуни Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон барои беҳтарин сенария

Дар он аз драматургони навкор то муаллифони варзида иштирок карда метавонанд.

Кормандони театри ба номи Пушкин
Сурат: аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Театри драма ва мазҳакаи ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои беҳтарин сенария (асари саҳнавӣ) озмун эълон кард. Корҳои ғолибон оянда дар театр ба саҳна гузошта мешаванд. Номи ҷоизадорон 4 декабри соли равон зимни муаррифии корҳо эълон хоҳанд шуд.
Озмун бо дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд гузаронида мешавад. Мавзӯъҳои сенария иборатанд аз: коронавирус, терроризму ифротгароӣ, хушунат нисбат ба занон дар оила, ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, нашъмандӣ ва қочоқи маводи нашъаовар, мушкилоти барпо кардани оилаҳои ҷавон.
Корҳо барои иштирок дар озмун аз 1 то 30 ноябри соли 2020 қабул карда мешаванд.
Синни иштирокчиёни озмун бояд аз 18-сола боло бошад. Корҳои муаллифӣ ва бар асоси асарҳои бадеӣ таҳияшударо метавон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод намуд. Жанри сенария драматургия аст.
Дархост барои иштирок дар озмун дар шакли дилхоҳ таҳия шуда, бояд аз чунин маълумот дар бораи иштирокчӣ иборат бошад:
- Ному насаб ва номи хонаводагӣ (ФИО);
- санаи таваллуд;
- макони зист;
- суроғаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ;
- зикри таҷрибаи пешинаи таҳияи сенарияҳо (агар бошад);
- синопсис (шарҳи мухтасари сенария).
Сенария дар ду нусха бо дархостро ба почтаи электронии teatr-pushkin-buston@mail.ru бо ишораи “Озмуни сенарияҳо” фиристодан лозим аст.
Сенарияҳо аз ҷониби шӯрои коршиносони иборат аз намояндагони театр аз рӯи панҷ меъёр - идея, сюжет, персонаж (шахсият), муколама ва имкони басаҳнагузорӣ (имкони истифодаи сенария дар театр) баҳогузорӣ мешаванд.
Дар озмун се ҷоиза муқаррар шудааст. Дорандагони он бо дипломҳо сарфароз гардонида шуда, кори онҳо барои намоишу спектаклҳо асос шуда метавонанд ва ба репертуар (намоишҳо)-и театр дохил мешаванд.
Муаррифии сенарияҳо дар маърази ом бо иштироки муаллифон рӯзи 4 декабри соли 2020 дар Театри драма ва мазҳаакаи ба номи Пушкин баргузор мешавад.
Бо телефонҳои зерин маълумоти иловагӣ дарёфт карда метавонед: (+992) 92 945-4004; 920-0066 ва 929-2245.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.