ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ - ФРОНТИ ЗАРБДОР!?

Тӯли чанд рӯз мешавад, ки дар шаҳри Панҷакент кормандони соҳаҳои гуногуни далатӣ, барои ҷамъоварии андоз сафарбар шудаанд. Ҷолиб он аст, ки андозро аз аҳолӣ ва корхонаҳо нафароне ҷамъ оварда истодаанд, ки ... корманди нозироти андоз нестанд.

Чанд нафаре, ки барои ҷамъоварии андоз ӯҳдадор ва масъул шудаанду аммо аз ин соҳа дуранд, яъне на корманди Нозироти андоз мебошанду на раёсати молия, бо тасдиқи ин хабар ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, моро ба ҷамоатҳои деҳот барои аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъ кардани андоз фиристоданд.

-Мо ҳар рӯз ба деҳаҳо рафта аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ андоз ҷамъ мекунем ва бегоҳ омада ба роҳбарон ва роҳбарият ба идораи молияи ва ё нозироти андози шаҳр ҳисобот месупоранд, – гуфт як нафар ба шарти наовардани номаш.

Ин нафарон иброз медоранд, ки ҳар бегоҳ дидан мумкин аст, ки дар назди Раёсатии молияи шаҳр ва Нозирот андоз нафарони масъул барои супоридани ҳисобот навбат мепоянд.

Онҳо мегӯянд, охир вазифаи мо ҷамъоварии андоз нест, инро худи кормандони Нозироти андози шаҳр бояд иҷро кунанд, вале мо корҳои худро монда ба андозҷамъкунӣ машғулем.

 

Барои ҷамъоварии андоз дар Панҷакент кормандони идораҳои мухталиф - аз идораи экология, хоҷагии ҷангал, шуғли аҳолӣ, идораи нафақа, худи ҳукумат ва ниҳодҳои дигари давлатиро ҷалб кардаанд.

 

 

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи иқтисод, шаҳри Панҷакент яке аз шаҳрҳои донорӣ дар миқёси вилояти Суғд ба шумор рафта, бо вуҷуди он, дар ин минтақа ҳар сол ягон корхонаи калони саноатӣ сохта нашавад ҳам, аммо сол то сол нақшаи андоз меафзояд, ки ин ҳолат мушкилоти ҷамъоварии андозро зиёд мекунад.

Ягона умед дар шаҳри Панҷакент ин корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистону Чин - "Зарафшон” мебошад, ки 70%-и буҷети шаҳрро таъмин мекунад ва 98%-и андозҳо аз захираи табиӣ аз ин корхона вобаста буда, бори бардошти 92%-и истеҳсоли маҳсулотҳои саноатии Панҷакент ҳам ба дӯши ин коргоҳ аст.

Аз охири соли 2017 то аввали соли 2018 муддати 5 моҳ ин корхона аз фаъолият бозмонд ва мушкилоти таъмини буҷету андоз дар Панҷакент рӯ зада буд.

Тибқи маълумоти сомонаи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, қарзи корхонаву ташкилотҳои Панҷакент дар назди Кумитаи андоз, қариб 6 миллион (5848844) сомониро ташкил медодааст.

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Нематулло Мирсаидов ҳам дар саҳифаи фейсбукиаш, навиштааст, ки дар зодгоҳаш кормандони нозироти андоз ба хонаҳои мардум даромада, то сангу чӯби сокинонро ҳисоб мекардаанд, ки аз куҷо харидорӣ кардаанд ва устоҳои сохтмонро маҷбур мекардаанд, ки андоз супоранд.

Нематулло Мирсаидов навиштааст: "Ба кисаи мардуме, ки бо душвории зиёд рӯз мегузаронад, даст мезадаанд. Намедонанд, ки хазинаи давлатро аз куҷо пур кунанд. Шахси бепушту паноҳро мекобанд. Дар ҳавлиҳо дарахтони мевадорро ҳисоб карда, андоз мебастаанд. Ин дар замоне, ки соҳибони корхонаҳои азими хусусигашта бо ҳар роҳ ба чашми давлат хок мепошанду аз андоз мегурезанд. Ва мо заминаҳои тундравӣ ва ифротгароӣ мекобем. Магар ҳамин беадолатӣ ва ҳуқуқшиканӣ замина нест? Чунин душманони миллатро кӣ ба сари мансаб меорад? Дар чунин вазъияти душвори иқтисодӣ ба ҷойи мардуми оддиро дастгирӣ намудан, ба ӯ кумак расондан, чаро мо ӯро ором намегузорем, ки кор кунад, зиндагиашро ёбад? Гӯед, ки ҳамон устои иморатсоз чанд пул меёбад дар давоми моҳе, ки мо ба ҷойи аз андоз озод кардан, ба гардани ӯ бор мешавем? Сангу чӯбро барои чӣ дар марз, дар бозор зери назорат намегиранду ба хонаи одамон мераванд? Андеша кунед, бародарон, боз барои кайк шуда пӯстин насӯзед.”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон